Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 February 2016

15 феврали соли 2016 дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Маркази равобити пойтахт»  вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт оид ба фаҳмондадиҳии  моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Қабл аз ҳама, дар вохӯрӣ Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба фаъолони пойтахт зикр намуд, ки ибтикороти мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории  узви Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давъат панҷум сурат гирифта, бозгӯи тақозои вақт ва ҷомеаамон мебошад.

Зеро маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин намуда, сарчашма ва заминаи асосӣ барои ҳар як инсон муттасил фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад.

Ҳамзамон тағйиру иловаҳо ба тавсеаву тақвияти равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар омилхои пешрафти ҷомеа ва Ватани махбубамон нигаронида шудаанд.

 Сипас, ба таваҷҷӯҳи ҳозирин тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфассал шарҳ дода, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ибтикороти бесобиқаи ватанхоҳона дар таблиғи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии дар марзи шаҳр мавҷудбуда фаъолияти беназир анҷом дода, 22 майи соли ҷорӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ бо баён доштани мавқеи созандаи шаҳрвандӣ ҷонибдорияшонро аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода созанд.

Ҳамзамон афзуд, ки вохӯрии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе бобати фаҳмондадиҳии  моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврали соли ҷорӣ  бо фаъолони чор ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони варзида анҷом дода мешавад.

Бо фарҷом ёфтани вохӯрӣ,  дар толори мазкур бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию худфаъолияти ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ сурат гирифт.

Дар он, аз ҷониби Раиси шаҳр ҳолати ғановати бозори истеъмолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муассиртар ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои назорати давлатӣ оид ба пешгирии нуфузёбии субъектҳои монополистӣ дар ҷодаи беасос ва таври стихиявӣ муқаррарсозии нарх дар бозори истеъмолӣ ба риштаи таҳлил кашида, дар ин бобат гузоришҳои  прокурори шаҳри Душанбе, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе ва Раёсати гумруки шаҳри Душанбе шунида шуданд.

Зикр гашт, ки аз камфаъолиятию беназоратии сохторҳои зидахли давлатӣ, ба хусус Раёсати андози шаҳр ва Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо сӯистифода аз заминаҳои фароҳамовардашуда, ҳолатҳое ошкор карда шуданд, ки аз ҷониби бархе аз субъектҳои молинтиқолдиҳанда нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла чойи хушк, тавре таҳлилҳои дар асоси дастури шаҳрдорӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар пойтахт анҷомгирифта, собит сохтанд, ки бе ягон заминҳои иқтисодӣ ба маротиб боло рафтааст, ки мутаассифона боиси поймол шудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон  гардидааст.

Баҳри ислоҳи вазъ, дар ҷаласа дастур гардид, ки  ҷиҳати раҳнамоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои  истеъмолкунандагон,  дар бозорҳои коммуналии шаҳр нисбати молҳои ниёзи аввалияи ба фурӯшгузошташаванда насби лавҳаҳои дорои маълумоти кишвари истеҳсолкунанда, сертификати мутобиқат, санҷиши лабораторӣ ва масрафоти воридотӣ, ҷорӣ карда шаванд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи роҳбарони кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро ба баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ,  аз байн бурдани тамоми  санҷишҳои бе асос  ва дар вақти корӣ зарфияту фаъолиятро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки дар маҷмӯъ ба амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр нигаронида шудаанд, дар доираи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона намуд.

Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа нақшаҳои шаҳрдориро нисбати омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва  Рӯзи пойтахт дақиқ намуда, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар партави вусъати тадбирҳои оммавии ободонию созандагӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баргузории ҳадафмандонаи чорабиниҳои зикршударо мувофиқ ба талаботи сатҳи пойтахт ҳамаҷониба таъмин созанд.