Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 February 2016

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 566-3 аз  17.12.2015

 

Дар бораи тасдиқи Оиннома, фонди оинномавӣ, рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият ва Низомнома «Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони  Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо максади  оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, танзими фаъолияти иншоотҳои варзишии аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёдгардида ва ба таври самараноку мақсаднок ба роҳ мондани истифодабарии онҳо, фароҳам овардани имконоту шароити мусоид барои камолоти варзишгарони касбӣ, ташаккули фишангҳои муттаҳидсозӣ ва рафоқату дӯстӣ байни наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткориву рафторҳои ношоиста  ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №346 аз 7 июли соли 2015 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ» - и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

    Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.    Оиннома, рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият ва Низомнома «Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои №№ 1, 2, 3 ва №4 тасдиқ карда шаванд.

2.      Фонди оинномавии Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 17 декабри  соли 2015 ба маблағи 27 449689 (бисту ҳафт  миллиону чорсаду чилу нуҳ ҳазору шашсаду ҳаштоду нуҳ) сомонӣ муқаррар карда шуда, ҳамзамон минбаъд нисбати майдончаҳои варзишие, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегарданд, ба фонди оинномавии Муассисаи мазкур ворид намудани тағйирот ба инобат гирифта шавад.

3.    Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдигирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқан ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ ва маълумотҳои бақайдгирӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

4.    Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) маблағгузории Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар соли 2015 аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи маориф амали гардонида солҳои минбаъда дар буҷети шаҳри Душанбе барои муассисаи мазкур маблағ пешбини намояд. 

    4.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

    5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

    6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

О И Н Н О М А И

Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

                                                                                     

НИЗОМНОМА

Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони роҳбарикунандаи Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-  и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Рӯйхати

бастњои корӣ ва фонди музди меҳнати кормандони   Муассисаи давлатии "Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ" - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе