Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 February 2016

Дар бораи  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016  бармеоянд

 

         Бо мақсади татбиқи бемайлони иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 зикр гардидаанд,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба инобат гирифта шавад, ки вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 25  январи соли 2016  дар маҷлиси васеи машваратию назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе  бо иштироки ҷонишинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти давлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии манзилҳои бисёрхонагию баландошёна, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои соҳибкорӣ мавриди таҳлили амиқ ва татбиқи амалӣ  қарор дода шуд.

2. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 бармеоянд, тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ  иҷрои бемайлони Нақшаи чорабиниҳои  мазкурро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар се моҳ  ба Раиси шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва  иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У.  гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ