Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 February 2016

22 феврали соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нӯшокӣ, сифати анҷоми корҳои лоиҳавии сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, бахусус роҳҳои пиёдагарду мошинрави дохили маҳаллаю шаҳракҳо, вазъи чароғонию мунавварсозии кӯчаву хиёбонҳо, ороиши мавзӯии шаҳр, ғановати бозори истеъмолӣ, ҳолати каналу селпартоҳо, татбиқи барномаҳои сабзкорию дарахтшинонӣ, беҳбудбахшии вазъи экологию санитарии шаҳр ва тибқи реҷаи муқарраргардида барориши саривақтии партовҳо ва таъмини навбатдорию насби камераҳои мушоҳидавӣ, пурзӯр намудани назорати байторӣ оид ба пешгирӣ кардани нигоҳдорӣ ва парвариши чорво дар шаҳр, азхудкунии маблағҳои сармоягузорию ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, иҷроиши нақшаҳои ҷамъоварии андоз, назорати фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ дар субъектҳои хизматрасонии пулакӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ,  истифодаи мақсадноки моликияти коммуналию маблағҳои буҷетӣ ва назорати қарордодҳои молиявӣ оид ба хариди давлатӣ дар шаҳр ва таъсиси грантҳои шаҳрдорӣ оид ба рушдбахшии соҳаҳои соҳибкорӣ дар шаҳрро дар радифи тақвияти чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба таъмини риояи танзими расму оин, пешгирӣ аз зиёдаравиҳо дар ин ҷода, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгирии ғасби худсаронаи замин, вусъати татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр, инчунин пурзӯр намудани корҳои оммавию тарғиботӣ, беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа намуд.

Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии Боғи “Дӯстии халқҳо” Шералӣ Раҳмоновро аз вазифа сабукдӯш карда, бо дарназардошти тавсеабахшии корҳои сабзкорию таҳкими иқтидорҳои парвариши гулу буттаҳои ороишӣ дар заминаи қитъаҳои замини назди Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмӣ – истеҳсолии “Сазбкорӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор намуд, ки баҳри дастгирии соҳибкорӣ дар асоси дархости соҳибкорони таҷрибадоштаи гулпарварӣ ва сабзавоти дар гармхонаҳо парваришшаванда қитъаҳои замин дар асоси шартномаи дарозмуддати иҷора вобаста карда шавад.

Дар ҷаласа, ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр масъалаи омодагиҳо ба таҷлили сазовору бошукӯҳи Наврӯзи имсола, ки оғозбахши тантанаҳои ҷашни миллӣ дар соли 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, матраҳ карда шуданд. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа қарор намуд, ки баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо фарогирии майдони Шаршара ва дар муҳити дарахтони нодири наврӯзпаёму  фаввораҳои муҳташами Боғи нави Наврӯзгоҳ бо ҷалби зарфиятҳои тамоми шаҳраку маҳаллаҳо бо таҷассуми расму оинҳои наврӯзии кулли таркиби иҷтимоии шаҳр ва барномаи рангини театрикунонидашуда 21 марти соли 2016 амалӣ карда шаванд.

Идома бар он, муқаррар карда шуд, ки тантанаҳои шаҳрдорӣ инчунин 22 март бо роҳандозии сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо ташкили барномаҳои идонаи консертӣ ва аз соати 10 то 15 доир намудани наврӯзи маорифчиёни шаҳр дар Муассисаи давлатии “Боғи пойтахт” ва гӯштини миллӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо гузоштани шоҳҷоиза - мошини сабукрав,  23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо”, Боғи Устод Рӯдакӣ, кӯли Ҷавонон ва майдони “ 800-солагии Москва” доир намудани чорабиниҳои наврӯзии сатҳи ноҳияҳо ва пойгаҳи аспдавонӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо гузоштани шоҳҷоиза - аспи зоти тоҷикӣ  сурат гирифта,  24 март чун анъана дар марзи шаҳр  маъракаи сабзкорӣ ва ниҳолшинонии оммавӣ баргузор карда мешавад.