Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2010

Масъалаи қабули шаҳрвандон ҳамеша чун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба  ҳисоб меравад.

27 сентябри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки дар тўли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт.

Дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шўъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайдгирифташуда 26 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

Дар маҷмўъ мўҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ  ва қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуд.

Дар робита ба пешниҳоди манзили истиқоматии иҷоравӣ  муқаррар карда шуд, ки минбаъд Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ хонаҳои иҷоравиро танҳо барои ниёзмандон, ки дар муассисаҳои  аз ҳисоби  буҷети шаҳрӣ  ё ноҳиявӣ маблаѓгузоришаванда, дар асоси хулосаи комиссияи марбутаи шаҳрӣ ҷудо менамояд.

Зимни қабули шахсии  Раиси шаҳр  масъалаи ихтиёран аз ҷониби соҳибмулон бартарафсозии 31 хонаҳои ѓайриқонунӣ дар минтақаи заводи сементбарории ноҳияи И. Сомонӣ бунёдгардида ҳалли мусбии худро пайдо намуд. 

Ҳар кадоми онҳо дар маҳаллаи “Ховарон”-и  шаҳр дар қитъаҳои замини аз ҷониби шаҳрдорӣ қаблан ҷудокардашуда, тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида ба сохтмони манзилҳои нави худ шурўъ менамоянд.

Дар мўҳлати шаш моҳи корҳои сохтмонӣ  31 оила аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ бо манзилҳои иҷоравӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Тибқи дастури Раиси шаҳр 50%-и маблаѓи иҷора аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва 50%-и боқимондаи он аз ҷониби ноҳияи И. Сомонӣ пардохт карда мешавад.