Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 October 2010

4 октябри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои ҷараёни  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ва иштироки ширкатҳои лоиҳакашиву  сохтмонии ватаниву хориҷӣ дар он,  баргузор гардид.

Дар ҷаласа дар радифи сохторҳои масъули шаҳрдорӣ тамоми  шахсони воқеиву ҳуқукии дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони иншооти нави таъиноти манзилӣ ва гуногундошта, инчунин  пудратчиёни онҳо ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр бо ҳар кадоми онҳо оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва мушкилоти ҷойдоштаашон сўҳбатҳо анҷом дода, даъват ба миён овард, ки тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда сохтмонҳои мавҷударо дар мўҳлат ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Зикр гардид, ки ташаббуси ҳар кадоми онҳо дар доираи  “Барномаи комплексии рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015» дастгирӣ ёфта, шаҳрдорӣ дар саҳмгирии ширактҳои сохтмонӣ ва дигар шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ дар татбиқи Барномаи мазкур, ки тавассути он  нарх дар бозори манзилии пойтахт ба маротиб поён бурда шуд, изҳори сипос менамояд.

Дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои сохтмонӣ, ки барои татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва баҳри дастгирии соҳибкорони дар ин бахши ҳаёти хоҷагидории шаҳр саҳмдошта нигаронида шудааст, муқаррар гардид, ки ҳар ду ҳафта мулоқоти  шаҳрдорӣ бо сохтмончиён дар сатҳи ҷаласаи корӣ доир карда шавад, то ба ин васила масъалаҳои рўзмарраи сохтмончиён ва ташаббусҳои созандаи онҳо матраҳ гардад.

Ин муқаррароти дар шаҳрдорӣ таҷрибадошта чун институти воқеии пажўҳишкунандаи масоили сохтмон бидуни субъектҳои дахлдор аз ҷониби сохтмончиён дар доираи  фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе нек пазируфташуда, ҳар кадоме иқдом намуданд, ки иншооти марбутаи худро бо сифати баланд бунёд намуда,  тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолият армуѓон месозанд.

Зимни баррасии масъала муайян гардид, ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолият субъектҳо ва соҳибкорони дар пойтахт фаъолияткунанда беш аз 100 иншооти ҷадиду таъиноти мухтадифдоштаро мавриди истифодаи душанбегиён қарор медиҳанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таваҷҷўҳ ба мушкилоти дастрасии сокинон ба манзилҳои иҷтимоию камарзиш зикр сохт, ки дар доираи “Барномаи комплексии рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015» шаҳрдорӣ барои сохтмони ин гуна манзилҳо афзалият дода, ба ширкатҳои татбиқи ин ташаббус имтиёзҳои андозӣ муқаррар месозад, ки рўзҳои наздик ин амалкард бо қабули қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ҳукми воқеӣ хоҳад гирифт.

Дар ҷаласа ҳамзамон масоили дигари мубрами хоҷагидории шаҳр матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.