Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 March 2016

    Қарори раиси шаҲри Душанбе  №68 аз 02.03.2016

 

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

 

Барои дастгирии иҷтимоӣ бо инобати саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар тозагию ободонии пойтахт дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ ба муносибати идҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз,  мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 1 722 700 (як миллиону ҳафтсаду бисту ду ҳазору ҳафтсад) сомонӣ барои расонидани кумакпулии яквақта, ба занон - кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мутобиқи замима  ҷудо намояд.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Расулов А. Р., Ҳакимов Н. Ҳ., Мақсудзода Ш. Самадов Ш. Д.) дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дастрас  гардонидани маблағҳои ҷудогардидаро тариқи суроғавӣ ба шахсони тибқи рӯйхат муқарраргардида дар фазои тантанавӣ 5 марти соли 2016 таъмин созанд.

3. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида ба роҳ монад.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Шуҳрат гузошта шавад.

 

                                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Ҳисобнома

оид ба  расонидани кумаки моддии яквақтаина ба муносибати  таҷлили  идҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз  ба занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Номгӯй

Ҳамагӣ нафар (одам)

Кумаки моддӣ барои  як нафар               

Маблағ                     

Занон- кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур

360

700

252000

Занон-кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ

656

700

459200

Занон-кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ

459

700

321300

Занон-кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино

986

700

690200

Ҳамагӣ

2461

Х

1722700