Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 October 2010

Дар бораи   муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон»,  «Худҷореъ», «Фишорӣ» ва «Ҷануби Гарбӣ»  бо мақсади омода намудани  истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011

        Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.         Нақша чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои  бо навбат  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтозакунии «Кофарниҳон» «Худҷореъ»,  «Фишорӣ» ва  «Ҷануби Гарбӣ»  бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни таъмир ва васлкунии тачҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ  дар истгоҳҳои обтозакунии:

 

    «Кофарнихон»

нохияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кучахои Н.Карабоев, Қаҳоров, Фучик, Чайковский

нохияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улугбек, У. Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонхонаи  «Пойтахт» ва қисман кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи аҳолинишини комбинати коркарди чӯб (ДОК) - аз соати 22-00  рузи 13 октябри  соли 2010 то соати 24-00 рузи 14 октябри  соли 2010 катъ мегардад.

«Худҷореъ»

ноҳияи Сомони: маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев, Захматобод, Сахбо, Тельман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-биби ва Сари-Осиё, кӯчаҳои: - Пролетар, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, Қаҳҳоров, Рудаки аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ, инчунин боғи ба номи С.Айни, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ.

ноҳияи Шоҳмансур:- маҳаллаҳои Чехов, Қурғон, Хоруғ, Помир ва Баҳори, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, академикҳо Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1то 77.

ноҳияи Сино:- Маҳаллаҳои Калинин, Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамишкор ва Муҳандис, шахракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2.

ноҳияи Фирдавси:  кӯчаи Қаҳҳоров, маҳалаи Дарвоз, шахракҳои 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе аз соати 22:00 рузи 18 октябри соли 2010 то соати 24:00 рузи 19 октябри 2010  қатъ мегардад.

                                                          «Фишорӣ»

ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиники ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ.

ноҳияи И.Сомонӣ: кӯчаҳои Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаҳои Самад Ғанӣ, М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, Рудаки, Шотемур, Ф.Ниёзи, И.Сомони, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон аз соати 22:00 рузи 26-октябри  соли 2010 то соати 24:00 рузи 27-октябри  соли 2010 қатъ мегардад.

 «Ҷанубу-Гарбӣ»

нохияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Н. Карабоев.

нохияи Сино –шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104,  кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Ю.Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р. Набиев, маҳалаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Х. Нав, Конститутсия аз соати 22:00 рузи 02-ноябри соли 2010 то соати 24:00 рузи 03-ноябри соли 2010 катъ мегардад.

3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори   лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4.         Раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ (Исупов Ф.), И.Сомонӣ (Шарипов С.) Шоҳмансур (Буриев Ф.), Сино (Сафаров З.А.) ва   сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Хайруллоев Н.) вазифадор карда шаванд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.         Маркази назоратӣ давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов А.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмири ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба   талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор дихад.

6.         Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Хайруллоев Н.) вазифадор карда шавад, ки тариқи воситаи ахбори омма сокинони пойтахтро оиди муввакатан қатъ гардидани интиқоли оби нӯшокӣ огоҳ созад.

 7.        Назорати иҷроияи Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе  Таваров Р.Ҳ. гузошта шавад.

  М.Убайдуллоев