Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 58 аз 19 феврали соли 2016

 

Дар бораи омодагӣ ва таҷлили

Иди байналмилалии  Наврӯз-2016

дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва бо истифода аз суннатҳои ниёгон мутантан таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ :

1.  Омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз-2016 дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи №1 амалӣ  карда шавад.

2.  Муқаррар карда шавад, ки таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 21 март тавассути «Корвони наврӯзӣ» аз маҳаллаҳои «Бадахшон»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Кӯҳдоман»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Лучоб»-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23 ноҳияи Фирдавсӣ ва намоиши театришуда дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз гардида, 22 март наврӯзии аҳли маорифи шаҳри Душанбе дар Муасисаи давлатии «Боғи пойтахт», сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе бо ташкили барномаҳои консертии идона ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт”, 23 март чорабинии идонаи наврӯзии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони «800-солагии Москва», боғҳои фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ва 24 марти соли 2016 чорабиниҳо баҳри тақвияти тадбирҳои сабзкорӣ, ободониву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ, мутобиқи замимаи №2, дар  маҳаллаву шаҳрак, атрофи биноҳои истиқоматӣ, идора, муассиса ва корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорӣ гузаронида мешавад.

3.           Аз роҳбарони идора, корхона, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки то 20 марти соли 2016 ороиши наврӯзии биноҳо ва ободонии атрофи онҳоро ба анҷом расонанд.

4.           Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ва мақомотҳои дахлдор дар шаҳри Душанбе:

 - шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони шаҳр дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои дар банди якуми ҳамин Қарор зикршударо таъмин намоянд;

 - дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории  чорабиниҳои идона фаъолияти мураттаби корхонаҳои нақлиётӣ, алоқа, барқ, об ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми шаҳрро ба роҳ монанд;

- бо ҷалби соҳибкорон ва сарпарастон оид ба масъалаҳои ободониву  ороишӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашн дар шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои мушаххас андешанд;

- ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, зимни аёдат ба онҳо кумакҳои моддию маънавӣ расонда, барои ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намоянд:

- ба чорабиниҳои фарҳангии идонаи ноҳияҳо беҳтарин дастаҳои ҳунарии касбиву худфаъолиятиро ҷалб намоянд.

5.           Роҳбарии бадеии Намоиши театришуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2016 ба зиммаи режиссер-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло гузошта шуда, дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъмин  намояд.

 

6.  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) бо ҷалби Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ-истеҳсолӣ  оид ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри Душанбе (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз таъмин намояд.

7.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ, таъмини бехатарии зидди сӯхтор, навбатдории "Ёрии таъҷилӣ" ва беҳдошти ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳудуди шаҳр, бахусус ҷойҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

8.  Аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.

9.  Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

10.  Назорати иҷрои Қарори мазкур мутаносибан ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С., Ҳакимов Н.Ҳ., Самадов Ш.Д., Мақсудзода Ш. ва раисони ноҳияҳои шаҳр гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ