Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2016

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №66 аз 02  марти  соли 2016

 

Дар бораи баргузории мусобиқаҳои кушоди

варзишии гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ

ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз-2016

дар шаҳри Душанбе

 

       Бо мақсади  иҷрои бандҳои 42 ва 44-и Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №58 аз 19 феврали соли 2016 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2016 дар  шаҳри Душанбе» тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.  Мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ мутаносибан рӯзҳои 22 ва 23 марти  соли 2016, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» гузаронида шаванд.

2.  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тартибҳои баргузории мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ, ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои  №№1,2,3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

3.  Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо роҳбарони сохторҳою мақомоти марбута баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.)  аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 5 ва 6 барои гузаронидани мусобиқаҳои гӯштини миллӣ 48400  (чилуҳашт ҳазору чорсад) сомонӣ  ва барои пойгаи аспдавонӣ 29700 (бисту нуҳ ҳазору ҳафтсад) сомонӣ маблағ ҷудо намояд.

5.  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе   (Саймуддинов А.С.) дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаҳои тадорукот, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарону паҳлавонон, аспсаворону корхонаҳои асппарварии минтақаҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад.

6.  Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Ҷалолов Н.) барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ, бо ҷалби сарояндагони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаҳои зикргардида, тадбирҳои мушаххас андешад.

7.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳои зарурӣ  андешанд.

8.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. ва  муовинони Раиси шаҳри Душанбе  Лангариева Ҷ.С. ва Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

 

     М. УБАЙДУЛЛОЕВ


Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории мусобиқаҳои кушоди варзишии  гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба муносибати  Иди байналмилалии Наврӯз – 2016 дар шаҳри Душанбе

 

Ҳайати

Кумитаи тадорукот оид ба баргузории мусобиқаҳои

кушоди варзишии гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ ба муносибати

Иди байналмилалии Наврӯз-2016 дар шаҳри Душанбе

 

Тартиби

баргузории мусобиқаи кушоди варзишии гӯштини миллӣ ба муносибати

Иди байналмилалии Наврӯз-2016 дар шаҳри Душанбе

 

Тартиби

баргузории мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ  ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз-2016 дар шаҳри Душанбе