Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 March 2016

Бо мақсади таҷлили мутантани Иди байналмилалии Наврӯз барои соҳаи маориф бо инобати зоҳир намудани таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои вобаста ба тарбияи маънавию ахлоқӣ ва маърифатии  насли наврас ва истифодаи имконоти зеҳниву эҷодии омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

 

1.  22 марти соли 2016 дар Муассисаи давлатии “Боғи пойтахт”-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (бо инобати даромади озод ва ройгон ба боғ аз соати 10:00 то 15:00) чорабинии идонаи “Наврӯзи маориф”  мутантан таҷлил карда шавад.

 

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ташкил ва баргузории “Наврӯзи маориф” тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шавад.

 

3. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.):

- дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи  шаҳрӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани “Наврӯзи маориф” тадбирҳои амалӣ андешад;

-  дар рафти баргузории чорабиниҳои “Наврӯзи маориф” ҷиҳати ба роҳ мондани тартиботи муайяни ташрифотӣ, риояи қоидаҳои сайругашт ва меъёрҳои истифодаи иншооти Муассисаи давлатии “Боғи пойтахт”-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

                                                                                    

М. УБАЙДУЛЛОЕВ