Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2016

Оид ба ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳр дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе”

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳр дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе”-ро баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки оиди амалӣ намудани Қоидаҳои зикршуда, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 521 аз 27 марти соли 2009 ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, қарорҳои дахлдори раисони ноҳияҳо ба тасвиб расида, фаъолияти сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ баҳри татбиқи онҳо равона гардидаанд.

Ҳамзамон вазъияти ҷойдошта аз он шаҳодат медиҳад, ки мутаассифона дар доираи фаъолият баҳри ҷалби васеи аҳли ҷамотчигии ноҳияҳо вобаста ба гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми қаламрави ноҳияҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, ҳифз ва оқилона истифода бурдани иншоотҳою моликияти коммуналӣ, риояи қоидаю меъёрҳои оддитарини санитарию экологӣ, аз ҷумла риояи баровардани партовҳо, тозаву обод нигоҳ доштани гирду атрофи манзил, биноҳои баландошёна, роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳо камбудиҳои ҷиддӣ то ба ҳол ҷой доранд.

          Бо инобати вазъияти ҷойдошта ва бо дарназардошти натиҷаи вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, бо мақсади таъмини иҷрои бечунучарои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъияти, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе” ва таъмини омодагии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

1.       Фаъолияти раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъияти, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе” ѓайриқаноатбахш ҳисобида, муқаррар карда шавад, ки васеъ ҷорӣ намудан ва риояи ҳамаҷонибаи Қоидаҳои мазкур, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №521 аз 27 марти соли 2009 ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, вазифаи мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аҳли ҷамоатчигии шаҳр, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон мебошад.

2.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе – масъули ноҳияҳо, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ тадбирҳои иловагӣ ва барномаҳои мушаххасро баҳри татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъияти, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе” таҳия ва амалӣ созанд.

3.       Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

-         дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои ноҳиявии онҳо ҳолати майдонча ва шахтаҳои партовҷамъкуниро таҳти назорат қарор дода, риояи ҳатмии Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №186 аз 1 апрели соли 2010 тасдиқ гардидааст, таъмин намоянд;

-         дар якҷоягӣ бо Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои такроршавии нигоҳдошти чорво ва паррандаҳои истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;

-         вобаста ба таъмини истифодабарии таъинотии майдончаҳои бозии кӯдакон ва қитъаҳои замини истифодаи умум дар шаҳраку маҳаллаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, корҳои амалиро ҷиҳати бартарафсозии сохтмонҳои ѓайриқонунӣ ва минбаъд роҳ надодан ба ҳолатҳои ѓасби замин, бо дарназардошти ташкил ва гузаронидани санҷишҳои муштарак бо иштироки сохторҳои дахлдор ва мақомоти қудратӣ тақвият бахшанд.

-         дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо ба ҳолатҳои савдои кӯчагӣ роҳ надиҳанд;

-         истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии дар тавозуни раёсатҳои истифодабарии ноҳияҳо мавҷудбударо таъмиру таҷдид намоянд;

-         дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ корҳои мушаххасу мақсаднокро ҷиҳати беҳдошти ҳолати коммуникатсияҳо, системаҳои муҳандисӣ, инфрасохтори маишиву хизматрасонӣ ва савдо ба роҳ монанд;

-         ҷиҳати беҳдошти намуди зоҳирии ноҳияҳо, чорабиниҳоро оид ба таъмиру рангуборкунии биноҳои истиқоматии бисёрхонагӣ, ташкилоту идора ва муассисаву корхонаҳоро, новобаста аз шакли моликият бо ҷалби бевоситаи соҳибмулкон дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо дастрас намудани шиносномаи интихоби ранг ба иҷро расонанд;

-         фаъолияти соҳаи хизматрасонии коммуналиро дар миқёси ноҳияҳо вобаста ба таъмини пешниҳоди хизматрасонии меъёрӣ таҳти назорат қарор диҳанд;

-         миқдори умумии боѓҳо, гулгаштҳо, сабзазорҳо ва дигар нуқтаҳои фонди сабзкории фароѓатии дар ҳудудҳои ноҳияҳо мавҷударо, новобаста аз шакли моликият, муайян ва бо ҷалби соҳибмулкони онҳо дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар созмонҳои дизайнериву меъморони манзаравӣ (ландшафт) азнавсозӣ намоянд;

-         ҳолати тозагии системаи ирригатсионии обҷамъкуниро таъмин намоянд;

-         корҳои таблиѓотию тарѓиботиро дар байни аҳли ҷамоатчигию сокинони маҳаллаву шаҳракҳои ноҳия ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, истифодабарии оқилонаи моликияти давлатӣ, коммуналӣ ва ҷамъиятӣ тақвият бахшанд.

4.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараёни иҷрои  Қарори  мазкурро инъикос ва бо пуррагӣ чоп намудани онро дар сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, саҳифаҳои иҷтимоии интернетии дастраси шаҳрвандон ва рӯзномаҳои шаҳрӣ таъмин созад.

5.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

                РАИСИ

  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ