Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2016

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 20-2 аз 23.07 соли 2015

 

Дар бораи  номивазкунии кӯчаи

Павел Морозови  шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 Малик Ашӯров, ки дар майдони набард қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст,  бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                     

Қ А Р О Р   М Е К У Н А Д:

1. Номи кӯчаи  Павел Морозови шаҳри Душанбе ба номи Малик Ашӯров  иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Сино (Алиев С.А) ва Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созанд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва  номивазкунии маҳаллаҳо,  кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе (Сафаров С.) гузошта шавад.

 

             Раиси 

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ