Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 March 2016

Қаро ри раиси шаҲри Душанбе №93 аз 30.03.2016

 

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи

панҷуми  Маҷлиси  вакилони  халқи

шаҳри Душанбе даъвати  панҷум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1.      Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 14 апрели соли 2016 даъват карда шавад.

     2.      Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1.   Дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4.    

    2.2.    Дар бораи рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №125-19 аз 27 феврали соли 2015 «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили

25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе».

2.3.  Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

         2.4.  Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14.

        2.5. Дар  бораи  ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

        2.6. Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

          3. Муқаррар карда шавад, ки кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум аз соати 8:00 то 10:00 дар  толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома ва иштироки танҳо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оғоз гардида, идомаи он бо муҳокимаи масъалаҳои 2.2 – 2.6 дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

4. Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

5. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон тибқи ҷадвали замимагардида то 11 апрели соли 2016 вохӯриҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи  панҷуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ирсол намоянд.

6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро тавассути ахбори оммаи чопию электронӣ ба аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба гурӯҳи корӣ манзур гардонад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима

                                                             ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                            №93 аз 30.03.2016

 

 

Гурӯҳи корӣ

оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 даъвати панҷум

                  

1.       

Буриев И.Б.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия

2.       

Мирсаидов А.Б.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ

3.       

Мирзоев Т.Х.

 

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид  ба  буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ

4.       

Валиев Ш.Ф.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо

5.       

Давлатов А.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ,  сохтмон ва ободонӣ

6.       

Амиров Н.И.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ

7.       

Шарифов З.Р.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия

8.       

Саидраҳмонов С.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба саноат ва энергетика

9.       

Пиров Ф.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ

 

10.  

Алиева З.Ҷ.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак

11.  

Сафаров С.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ

12.  

Насруллоев К.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ

13.  

Улмасов Ф.У.      

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи  интихоботии №62,  роҳбари  дастгоҳи  Раиси шаҳри  Душанбе