Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 April 2016

ҚАРОРИ Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №36-3 аз 01.10.2015

 

Дар бораи  номивазкунии кӯчаи

Мири  шаҳри Душанбе

 

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон» ва бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР     МЕКУНАД:

1. Номи кӯчаи Мири шаҳри Душанбе ба номи Чаманзор иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино (Алиев С.А.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва  номивазкунии маҳаллаҳо,  кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе (Сафаров С.)  гузошта шавад.

            

             Раиси

   Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ