Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 October 2010

11 октябри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ваеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини соҳаҳои шаҳрдориро  ба масъалаи иҷроиши Амри Раиси шаҳри Душанбе №1 аз 9 январи соли 2010 дар робита азхудкунии маблағҳои буҷетӣ  дар соҳаи сохтмони капиталии шаҳри Душанбе ва таҷҳизоту лавозимоти ба муассисаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе харидоришаванда, ки пудратчиёни иҷроиши корҳо тавассути тендери кушод  аз ҷониби Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе интихоб карда шудаанд, нигаронида, аз фармоишгарон ва пудрачиёни дар ҷаласа ширкатдошта талаб намуд, ки тибқи мӯҳлат ва талаботҳои тендерӣ  корҳои вобасташударо бо сифати баланд иҷро намоянд.

Таъкид гардид, ки бо мақсадҳои зикргардида аз ҳисоби буҷети шаҳр танҳо дар нимсолаи дуюми  соли равон 49, 5 млн сомонӣ ҷудо карда шуд, ки мақомоти дахлдори назорати давлатӣ, аз қабили прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро аз ҷониби пудратчиён  зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Зимнан дастур гардид, ки минбаъд хариди давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади сарфа ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ бо роҳи дарёфт намудани ҷониби истеҳсолкунанда тариқи тендери кушод анҷом дода мешавад.

Зикр гашт, ки тибқи нақшаи шардорӣ сохтмони майдончаҳои варзишию фароғатӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ барои кӯдакон дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаи 46, кӯчаи Деҳотӣ ба маблағи 542983 сомонӣ,  пудратчӣ-ҶДММ «Ойзулӣ» ва дар кӯчаи Н. Қарабоев ба маблағи 366385  сомонӣ, пудратчӣ  ҶДММ «Меҳансоз», дар ноҳияи И. Сомонӣ: дар хиёбони Рӯдакӣ  ба маблағи 406652 сомонӣ, пудратчӣ-ҶДММ «ТиСМ»  ва дар кӯчаи Гагарин ба маблағи 295342 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Бедакиён», дар ноҳияи Шоҳмансур: дар маҳаллаи  Камоли  Хуҷандӣ ба маблағи  460287 сомонӣ,  пудратчӣ ҶДММ «Озарахш»,  маҳаллаи 7, Теппаҳои шарқӣ  ба маблағи 236416 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Сарикиштӣ», дар кӯчаи Айнӣ -80 ба маблағи 169277 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Ҳоҷӣ-Яқуб»ва кӯчаи Афзалӣ ба маблағи 91018 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Нивелир» ва ноҳияи Сино: дар маҳаллаи 102 ба маблағи 298444 сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Иншоотсервис» сохта, то охири соли равон ба истифодабарии сокинон дода мешаванд.

            Дар ноҳияи Сино сохтмонҳои корпуси нав барои 640 ҷой дар заминаи мактаби №98 (бо назардошти бартарафсозии биноҳои кӯҳна, сохтмони ошхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ҳоҷатхонаи ҳавлигӣ, майдончаи варзишӣ бо ободонии ҳудуди мактаб) ба маблағи 9906930 сомонӣ, пудратчӣ ҶСП « Сохтмони махсус», корпуси нав барои 320 ҷой дар заминаи мактаби №64 (бо назардошти бартарафсозии биноҳои кӯҳна, сохтмони таҳхона, ошхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, дегхона, бунгоҳи барқӣ, ҳоҷатхонаи ҳавлигӣ, чоҳи обкашӣ бо манора, нуқтаи ҷамъи фазлаоб (резервуар), майдончаи варзишӣ бо ободонии ҳудуди мактаб)  ба маблағи 6571500 сомонӣ, пудратчӣ-ҶДММ «Бунёдкор Шодӣ» ва  корпуси иловагӣ барои 320 ҷой дар ҳудуди тактаби таҳсилоти умумии №66 ба маблағи 3349160 сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Строител ЛТД» ва дар ноҳияи  Исмоили Сомонӣ толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхонаи литсейи №1 дар ҳудуди мактаби таҳсилоти умумии №10 ба маблағи 7802350 сомонӣ  аз ҷониби пудртчӣ ҶДММ «Ҷамшед» то моҳи сентябри соли  2011 ҳамчун армуғони ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолият ба системаи маорифи шаҳр тақдим карда мешавад.

            Ҳамзамон, то охири соли 2010 таъмири мактаби мусиқии бачагонаи №5-и Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ба маблағи 219840 сомонӣ  аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Ободии ҷамъият»  ва сохтмони марҳилаи дуюми  таҷдиди Ипподром ва табдили он ба Наврӯзгоҳи  шаҳрӣ ба маблағи 14886040 сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Хонасоз-4» то Наврӯзи соли 2011 ба анҷом расонида хоҳад шуд.

            Нахустин хатти технологии истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ ба маблағи 2566520 сомонӣ дар шаҳри Душанбе барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариёни  пойтахт аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ЧУ АН ШИДИ» бунёд мегардад.      

            Барои дастгирии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои зертобеи он аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе  баҳри хариди инвентарҳои нарм, таҷҳизоту воситаҳои техникӣ, асбобҳои тиббӣ, маводҳои ташхисӣ, доруворӣ ва хӯрока  1 317502 сомонӣ  ҷудо карда шуд, ки мутаносибан Корхонаи давлатии таъминоти муассисаҳои табобатию профилактикии назди Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ҶДММ «Тиб барои Шумо», ҶДММ «Шифобахш» ва КВД «Фармакон» дар асоси  лотҳои дахлдор маводҳои мутазаккираро дастрас менамоянд. 

Инҷунин дар ҷаласа масоили ҳолати зиддисӯхтории ташкилоту идораҳои шаҳрию ноҳиявӣ, вазъи санитарию нигаҳдошти фонди манзил дар асоси санҷишҳои анчомдодаи комиссияҳои марбутаи Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе , ҳолати таъминоти мактаб-интернатҳои соҳаи маорифи шаҳр бо маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба зимистони пешорӯ мавриди баррасӣ қарор гирфта, барои рафъи камбудиҳои ошкоргардида ба масъулини соҳаҳои дахлдор то 10 ноябр мӯҳлат муқаррар карда шуд.