Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 April 2016

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №19-2 аз 23.07. 2015

 

Дар бораи  номивазкунии кӯчаи

Чайковскийи шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 Абдуллоев Наҷмиддин, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                     

           ҚАРОР     МЕКУНАД:

 

1. Номи кӯчаи  Чайковскийи шаҳри Душанбе ба номи Абдуллоев Наҷмиддин иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва  номивазкунии маҳаллаҳо,  кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе  (Сафаров С.) гузошта шавад.

         

                Раиси 

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ