Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016


ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №107 аз 7.04.2016

 Дар бораи  баргузории Ниммарафони VII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

Бо мақсади баргузор намудани Ниммарафони VII байналмилалии Душанбе баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт ва дар заминаи он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.                Низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти баргузории Ниммарафони VII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1- 4 тасдиқ карда шаванд.

2.                Кумитаи тадорукот 16 апрели соли 2016, соати 900 мусобиқаи Ниммарафони VII байналмилалии Душанберо мутобиқ хати дави муайянгардида доир намояд.

3.                Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе    (Қурбонов А.Ҷ.) ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

4.                Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  (Одинаев Ҷ.Т.)  ҷиҳати ҷалби  сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ва ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани маблағгузории он ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

5.                Бо инобати мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар  рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофахои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

6.                Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Ҷалолов Н.) ва Муассисаи давлатии  «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Юнусов Н.) барои таъмини асбобҳои пахши садо  ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин масъалаҳои тарғиботии мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.

7.                Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт тадбирҳои  зарурӣ  андешанд.

8.                Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) маблағи 267 400 (дусаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони VII байналмилалии Душанбе мутобиқи сметаи хароҷотии замимагардида ҷудо намояд.

9.           Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма чораҳои зарурӣ андешад.

10. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Расулов А. Р. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ. С. Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Низомномаи

баргузории Ниммарафони  V11 байналмилалии Душанбе

Ҳайати

Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Ниммарафони V11  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

Нақшаи

чорабинии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри баргузории Ниммарафони V1I байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт