Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ № 104 аз 07.04. соли 2016

 

  Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол – 2015», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию  санитарии сол - 2015», «Табиби сол - 2015», «Табиби оилавии сол - 2015» ва «Корманди миёнаи тибби сол - 2015»

 

Бо инобати Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», Қарори Раиси шаҳри Душанбе №262 аз 23 майи соли 2012 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе», бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва протоколи №1 аз 29 марти соли 2016  қарори Кумитаи тадорукот оид ба ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳриро ба эътибор гирифта, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

       1.Протоколи замимагардидаи №1 аз 29 марти соли 2016 Кумитаи тадорукот оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол  - 2015», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2015», «Табиби сол - 2015», «Табиби оилавии сол - 2015», «Корманди миёнаи тибби сол -2015»  тасдиқ карда, вобаста ба ин:

      а) ғолиби озмуни «Беморхонаи сол - 2015» - коллективи кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба маблағи 3000  (се ҳазор) сомонӣ;

      б) ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2015» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №9 ба маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад)  сомонӣ;

      в) ғолиби озмуни «Табиби сол - 2015» - табиби шуъбаи ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъдаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Қандаков Олимшо Қанатшоевич ба маблағи 2000 (ду ҳазор)  сомонӣ;

       г) ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол - 2015» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №1 Кабиров Комилҷон Мунаваршоевич ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

       ғ) ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол – 2015» ҳамшираи тиббии Маркази саломатии шаҳрии №9 Абдуллоева Тахмина Ҳабибуллоевна ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ мукофотонида шаванд.

       2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, тибқи ҳисобномаи замимагардида, ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони фаъоли озмунҳои касбӣ  ҷудо намояд.

        3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори  мазкур  ба  зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

  

 

Ҳисобномаи

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолиби касбии

кормандони соҳаи тандурустии пойтахт

 

Номгўи озмунҳои касбӣ

Маблағи умумӣ барои ҳавасмандгардонӣ (сомонӣ)

1

Ғолиби озмуни «Беморхонаи сол – 2015»

 

3000

2

Ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2015»

 

2500

3

Ғолиби озмуни «Табиби сол -2015»

 

2000

4

Ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол  - 2015»

 

1500

5

Ғолиби озмуни «Кормади миёнаи тибби сол – 2015»

1000

 

 Ҷамъи умумии маблағҳо

10 000