Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 101 аз 06.04 с. 2016

 

Дар бораи барҳам додани Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе»

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 62 ва 64 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе», бо сабаби ноил шудан ба мақсадҳои таъсисдодашуда ва розигии Бонки Исломии Рушд, барҳам дода шавад.

2. Комиссияи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар ҳайати Расулов А.Р. - муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - раиси комиссия, Мақсудзода Ш. - муовини Раиси шаҳри Душанбе - ҷонишини раиси комиссия ва аъзои комиссия: Кенҷаев Д. М. - сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, Одинаев Ҷ.Т. -   сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Хушвахтов М.И. - директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе» ва Исупов Ф.А. - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези  Душанбе» таъсис дода шавад.

3. Комиссияи мазкур дар муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба барҳамдиҳии он эълон ба табъ расонида, аз ин хусус мақоми бақайдгирии шахси ҳуқуқиро ба таври хаттӣ огоҳ созад.

4.      Моликияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе» ба тавозуни КВД «Обу корези Душанбе» супорида шавад.

5. Раёсати сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тағйироти дахлдорро ба маълумотҳои ҳисоботӣ ворид намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ