Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 January 2016

Доир ба гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015», №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016»

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015» ва №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016»-ро дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №108 аз 28 феврали соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2014, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони маҷмааи истеҳсолии нассоҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

1.            Гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. вобаста ба рафти иҷроиши Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015» ва №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016», ба маълумот гирифта шавад. 

2.            Муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д., раиси ноҳияи И.Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., и.в. раисони ноҳияҳои Шоҳмансур – Сиёмардзода С., Сино –Ализода С.А. ва Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ.А. дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иҷрои пурра ва сифатноки қарори мазкурро таъмин намоянд.

3.            Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори  мазкурро тавассути воситаҳои ахбори чопию электронии омма таъмин созад.

4.            Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика гузошта шавад.

 

        РАИСИ

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ