Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016

11 апрели соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама масъалаи ҳолати коршоямии каналу селпартоҳо ва дигар хатҳои муҳандисию инфрасохтории шаҳр мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифта, ба раисони ноҳияҳо ва масъулини сохторҳои зидахли шаҳрдорӣ дастур гардид, ки бо инобати идома доштани мавсими селборишҳо потенсиали тамоми раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ баҳри фаъолияти муназзами иншооти мазкур равона карда шаванд.

Илова бар он, муқаррар карда шуд, ки дар амалисозии ин тадбирҳои муҳимми хоҷагидорӣ зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳо низ васеъ сафарбар карда шаванд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа қарор гардид, ки Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисони соҳа ҳолати каналу селпартоҳо ва дигар хатҳои муҳандисию инфрасохтории шаҳрро вобаста ба имкониятҳои воқеии обгузаронӣ ва дар минтақаҳои алоҳида ҷой доштани зарурат бобати аз рўи иқтидорҳои зиёд азнавсозӣ намудани онҳо мавриди санҷиш қарор дода, хулосаи асоснокро барои тадбирандешӣ унвонии шаҳрдорӣ ирсол намояд.

Бо дахли дигар масоили мубрами хоҷагидорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев  таваҷҷуҳи муовинони Раиси шаҳр ва ноҳияҳоро ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва татбиқи нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори Рўзи пойтахт нигаронида, ҳар кадомеро муваззаф сохт, ки дар доираи масъулият ва ваколатҳои хизматӣ дар  муҳлатҳои муқарраргардида  тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Қобили зикр мебошад, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рўзи пойтахт дар шаҳр тибқи анъана бо дастовардҳои меҳнатии аҳли ҷамоатчигӣ пешвоз ва ба ин муносибат мусобиқаи байналмилалии Ниммарафон доир ва озмунҳои касбии шаҳрдорӣ, аз ҷумла  дар соҳаи маориф,  тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва  маҳаллаву шаҳракдорӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоту тўҳфаҳои муқарранамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд.