Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 October 2010

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №30-3 аз 23 сентябри соли 2010 дар робита ба маҳкумсозии ҳодисаҳои нангини 19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайваста  ва дастгирии маънавию молиявии оилаҳои афсарону сарбозони аз шаҳри Душанбе  ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ба халокат расидаанд қарори дахлдори навбатиро  ба тасвиб расонд.

Дар асоси он ба ҳафт оилаҳои афсарон ва сарбозони дар ин ҳодиса аз шаҳри Душанбе талафгашта - марҳум подполковник Розиқов Рустам Самандарович- истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ, 303, подполковник Сатторов Абдуҷаббор Искандарович - истиқоматкунандаи кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, хонаи 23, квартираи 35, лейтенант Сангов  Ҷума Исмоилович - истиқоматкунандаи кӯчаи Н. Қарабоев хонаи 5, квартираи 13, прапоршик Неъматов Мӯҳриддин Олимович- истиқоматкунандаи кӯчаи Сана, хонаи 3/2, квартираи 3, прапоршик Бурҳонов Фурқат Камолиддинович - истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳисорак 37/2, квартираи 46,  прапоршик Ибодов Сироҷиддин Ёрмаҳмадович- истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский 93/1, квартираи 89 ва прапоршик Олимов Равшан Саидович - истиқоматкунандаи кӯчаи С. Шерозӣ 22/1, квартираи 115  кӯмаки молиявии яквактаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.

Ҳамзамон, Раёсатҳои тандурстӣ ва маорифи шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки вобаста аз ваколатҳо ва самти фаъолияташон ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои тиббии пайваста ва ба боғча фаро гирифтани фарзандони марҳум афсарон ва сарбозон чораҳои зарурӣ андешанд.

Кӯмаки молиявии яквактаина шоми дирӯз 18  октябри соли 2010 бо ибрози тасаллият аз номи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуғаффор Рауфӣ ва Абдулҳамид Самадов ба пайвандони қурбоншудагон дастрас карда шуд.