Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ    ШАҲРИ   ДУШАНБЕ № 105 аз 07. 04. соли 2016

 

           Дар бораи натиҷаи озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол - 2015», «Директори сол - 2015», «Муаллими сол - 2015», «Кӯдакистони сол -2015», «Мудири кӯдакистони сол - 2015», «Мураббии сол - 2015», «Синфи беҳтарини сол - 2015», «Волидайни беҳтарини сол - 2015» ва ҳавасмандагардонии кормандони фаъоли соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

 

 Бо инобати Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри  соли   2011   Дар  бораи  «Ҳисоботи Раиси  шаҳри  Душанбе М. Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010»,  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  №136 аз 12  октябри соли 2000  «Дар бораи чораҳои такмили фаъолияти  муассисаҳои  таълимӣ  дар  шаҳри  Душанбе»,  № 224    аз 19 майи  соли  2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии  моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт», №743 аз 4 декабри соли 2012 «Дар бораи  баргузории озмуни шаҳрии «Волидайни беҳтарини сол» бо  мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии  кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷети  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мешаванд, қарори  Кумитаи  тадорукоти  озмунҳои  касбӣ  аз  4 апрели соли 2016-ро ба эътибор гирифта мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукоти озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол-2015», «Директори сол-2015», «Муаллими сол-2015», «Кӯдакистони сол-2015», «Мудири кӯдакистони сол-2015», «Мураббии сол-2015», «Синфи беҳтарини сол-2015» ва «Волидайни беҳтарини сол-2015» №1 аз 4 апрели соли 2015 тасдиқ карда вобаста ба ин:

 а) Раёсати ҳисоби хоҷагӣ, баҳисобгирӣ ва тақсимоти  манзили  шаҳри  Душанбе   ба ғолиби озмуни «Мактаби сол-2015» - коллективи меҳнатии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ  (директораш Шарипова Нигора) тибқи  талаботи  санадҳои  меъёрии   ҳуқуқии амалкунанда хонаи сеҳуҷрагии №49 воқеъ дар кӯчаи Беҳзод-32, шаҳри Душанбе бо масоҳати умумии 76,5м2 аз он ҷумла: истиқоматӣ 50,02  м2  ҷудо карда, барасмиятдарории онро тибқи тартиби муқараргардида таъмин намояд;

б) ғолиби озмуни «Директори сол-2015» - директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 28  Ғаниева Гулчеҳра  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000  (се ҳазор)  сомонӣ;

    в) ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015» - муаллимаи фанни химияи гимназияи №74 Бозорбоева Наргиз  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

   г)  ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2015» -  кӯдакистони № 98 ноҳияи Сино  (мудираш Имомова Уронбибӣ)  дар  ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ;

   ғ) Кӯдакистони № 17 ноҳияи И. Сомонӣ (мудираш  Кучарова Ҳусния) барои ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2015» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  1500 ( як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

  д.) Кӯдакистони № 63  ноҳияи Фирдавсӣ  (мудираш Азизова Идимо)  барои ишғоли ҷойи 3-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол - 2015» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ;

ғ) ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол-2015» - мудири кӯдакистони № 1 ноҳияи Шоҳмансур Набиева Ҷамила  бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

  д)  ғолиби озмуни «Мураббии сол-2015» - мураббии хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе  Акрамова Махфират   дар ҳаҷми  1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ;

  е)  ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол-2015» -  коллективи синфи 11«а» гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф  Алматова Гулбаҳор дар ҳаҷми 1000 (як ҳазор)  сомонӣ ,  сардори синф  Саидзода Фарзона  500 (панҷсад)  сомонӣ, 27 (бисту ҳафт)  нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  400 (чорсад)  сомонӣ;

ё) ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2015» Сатторов Искандар,  аз  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 93 ноҳияи Сино дар ҳаҷми 5000 (панҷ  ҳазор) сомонӣ қадр карда шаванд.

2.  Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, иштироки фаъолона дар озмунҳои «Мактаби сол-2015», «Директори сол-2015», «Муаллими сол-2015», «Кӯдакистони  сол – 2015»,  «Мудири кӯдакистони сол–2015»,  «Мураббии  сол–2015» шахсони зерин ҳар кадом ба мабалағи 700  (ҳафтсад) сомонӣ қадр карда шаванд:

-Қузиева Мунира – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 92 ноҳияи Сино;

-Абдураҳмонова  Гулчеҳра – директори муассисаи  таълимии таҳсилоти миёнаи умумии  № 40 ноҳияи  Фирдавсӣ;

-Ятимова Назира – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 31 ноҳияи Шоҳмансур;

·    Сайфуров Маҳмадсидиқ – директори  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 20 ноҳияи Шоҳмансур;

·    Раҳимова Гулнора - директори  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 13 ноҳияи И. Сомонӣ;

·    Холиқова Муаззам – муаллимаи фанни  математикаи гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи  ноҳияи И. Сомонӣ;

·    Давлатов Шералӣ – муаллими  синфҳои ибтидоии литсейи № 55  ноҳияи Шоҳмансур;

·     Темирзода Бахтовар  – муаллими фанни таърихи  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Сино;

·    Эгамова Мадина - мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 36 ноҳияи   Шоҳмансур;

·    Ғайбуллоева Латофат  - мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 42  ноҳияи Сино;

·    Баротова Зулфия – мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 65 ноҳияи   Фирдавсӣ;  

·    Сулаймонова  Наргис    мураббияи  ширхоргоҳ - кӯдакистони     98    ноҳияи  Сино;

·    Афсаҳова Нодира  -  мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони  № 64  ноҳияи  Шоҳмансур.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф  пешбинишуда   40400 (чил ҳазору чорсад)  сомониро тибқи ҳисобномаи замимагардида,  ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардондани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

4. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои дар сметаи хароҷотӣ ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намуда, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорону мураббиён, роҳбарони бомаҳорату беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳрро дар байни  ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тарғибу ташвиқ намояд.

5.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

7.  Назорати иҷрои   Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Лангариева Ҷ. А.   гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

                                                                                                               Замима 

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                                                                                    №105 аз 7 апрели соли 2016

 

 

Ҳисобномаи

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни    озмунҳои касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

 

т/р

Номгӯи озмунҳои касбӣ

Шумора ва маблағи ҳавасмандгардонӣ (сомонӣ)

Маблағи умумӣ (сомонӣ)

1

Ғолиби озмуни «Мактаби сол -2015»

Як хонаи сеҳуҷрагӣ

 

2.

Иштирокчиёни озмуни «Мактаби сол -2015»

3х700= 2100

2100

3.

Ғолиби озмуни «Директори сол-2015»

1х3000 = 3000

3000

4.

Иштирокчиёни озмуни «Директори сол-2015»

2х700 = 1400

1400

5.

Ғолиби озмуни «Муаллими сол -2015»

1х2000 = 2000

2000

6.

Иштирокчии озмуни «Муаллими сол -2015»

3х700 = 2100

2100

7.

Ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2015»

1х3000 = 3000

3000

8.

Иштирокчиёни озмуни «Кӯдакистони сол - 2015»

1 х1500 = 1500

1 х1000 = 1000

1х 700 = 700

3200

9.

Ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол -2015»

1х2000  = 2000

2000

10.

Иштирокчиёни озмуни «Мудири кӯдакистони сол -2015»

2х700 = 1400

1400

11.

Ғолиби озмуни «Мураббии сол-2015»

1х1500  = 1500

1500

12.

Иштирокчиёни озмуни «Мураббии сол -2015»

2х700 = 1400

1400

13.

Ғолиби озмуни «Синфи беҳтарини сол»

1р/с х1000=1000

1с/с х 500= 500

27х400= 10800

12300

14.

Ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2015»

1х5000 =5000

5000

 

Ҷамъи умумии маблағҳо:

 

40400