«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ    ШАҲРИ   ДУШАНБЕ № 102 аз 06.04. соли 2016

                                                                     

Дар бораи расондани ёрии якваққтаина ба хатмкунандагон – барандагони медалҳои тиллою нуқраи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии хатмкунандагон-барандагони медалҳои тиллою нуқраи  муассисаҳои таҳсилоти  умумии шаҳри Душанбе  бо  инобати  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №446 аз 25 октябри соли 2005 «Оид ба тадбирҳои аввалиндараҷаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ҷиҳати расондани ёрии яквақтаина ба  10 ( даҳ) нафар хатмкунанда-барандагони медалҳои тилло ва  нуқра  тибқи рӯйхати замимагардида, аз  ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе 8500  (ҳашт ҳазору панҷсад)  сомонӣ  ба ҳар як барандаи медали тилло 1000 (ҳазор)  сомонӣ ва нуқра  700  (ҳафтсад)  сомонӣ ҷудо намояд.

     2. Раёсати  маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардидаро таъмин созад.

3. Карори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Шуъбаи таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин созад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе   Лангариева Ҷ. А.  гузошта шавад.       

                                                             М.  УБАЙДУЛЛОЕВ

 


                                                                      Замима 

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№102 аз 6 апрели соли 2016

 

Рӯйхати

хатмкардагон –барандагони  медалҳои тилло ва нуқраи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2014-2015

  т/р

Ном ва насаб

Номгӯм муассисаи таълимӣ

Навъи медал

Маблағ(сомонӣ)

1

Розиқова Хиромон

Гимназияи №53 ба номи М. Маҳмудова ноҳияи И. Сомонӣ

тилло

1000

2

Раҳимова Фарангис

Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ

тилло

1000

3

Алиева Азиза

Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ

тилло

1000

4

Шарипова Парвина

Муассисаи таҳсилоти умумии № 1 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

тилло

1000

5

Муллоева Рухмина

Литсейи  №55 ноҳияи Шоҳмансур

тилло

1000

6

Муллоджонова Нодирабегим

Литсейи  №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар

нуқра

   700

7

Файзуллоева Мадина

Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

нуқра

   700

8

Ҷонибекова Чаманоро

Муассисаи таҳсилоти умумии № 54 ноҳияи Сино

нуқра

   700

9

Каромов  Шаҳром

Муассисаи таҳсилоти умумии № 56 ноҳияи Сино

нуқра

   700

10

Каримова Робия

Гимназияи исломӣ

нуқра

   700

 

Ҳамагӣ

 

 

8500