Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №110 аз 7 апрели  соли 2016

 

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии  варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе»   

Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе аз №142-1 аз 1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» баҳри инкишофи муттасили  тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Протоколи  замимагардидаи Кумитаи тадорукоти озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии  варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» аз 4 апрели соли 2016 тасдиқ карда, вобаста ба ин:   

  - ба мактаби варзиши махсуси кӯдакону  наврасони захираҳои олимпии №6-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои гӯштин-ғолиби озмуни «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе» – 3500 (се ҳазор) сомонӣ;

  - ба толори варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ғолиби озмуни «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» –2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;

  - ба Назарова Зайтуна-мураббии варзишгар Дилшод Назаров -ғолиби озмуни «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» – 3000 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотпулӣ дода шавад.

2.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 9 000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида барои сарфароз гардонидани ғолибони дар банди якуми ҳамин Қарор зикршуда ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

4.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. ва Мақсудзода Ш.  гузошта шавад. 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ХАРҶНОМАИ

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои касбии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш дар шаҳри Душанбе

 

Номгӯйи озмун

Маблағ 

Маблаги умумӣ

1.       

Ғолиби  озмуни   «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе»

1х 3 500 сомонӣ

3 500 сомонӣ

2.       

Ғолиби  озмуни   «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе»

1х 3 000 сомонӣ

3 000 сомонӣ

3.       

Ғолиби  озмуни   «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе»,

1х 2 500 сомонӣ

2 500 сомонӣ

          Ҷамъи умумӣ: 9 000 (нуҳ  ҳазор) сомонӣ