Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 April 2016

         ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 108 аз 7 апрели  соли 2016

 

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе»

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе №142-1 аз 1 марти соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» баҳри инкишофи муттасили тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш,  мутобиқи моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,  моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукот №1 аз 4 апрели соли 2016, рӯйхати ҷамъбасти ғолибони озмуни стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои соли 2015 тибқи  ҳисобномаи пешниҳодгардида тасдиқ карда шаванд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби  фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур 168 000 (яксаду шасту ҳашт ҳазор) сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида барои сарфароз гардонидани ғолибони дар банди якуми ҳамин қарор зикршуда, ҷудо намояд. 

3. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. ва Мақсудзода Ш. гузошта шавад. 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ


 

 

ХАРҶНОМАИ

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои касбии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш дар шаҳри Душанбе

РУЙХАТИ

гирандагони стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе