Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2016

Қарори  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 115 аз 07.04. соли  2016

 

    Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори

    беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2015»

 

       Бо инобати саҳми арзандаи соҳибкорон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳри муттасил тавсеа ва тақвият бахшидани раванди соҳибкорӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии пайвастаю пайгиронаи соҳибкорон дар шаҳри Душанбе ва иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

 

                                     ҚАРОР МЕКУНАМ:

                   1.Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» аз 12 апрели соли 2016-ро ба эътибор гирифта, дар ҳар як номинатсия соҳибкорони зерин:

                   I.Ҷамъияти саҳомии кушода «Комбинати хўроквории Тоҷикистон» (Саидов Умед Иброҳимович) - номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

                   II.Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Техноинвест» (Раҷабов Файзали Қурбоналиевич) - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

                   III.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть - Таджикистан» (Мирзоев Фарҳод Султонбекович) - номинатсияи «Савдо»;

                   IV.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Тоҷикинтурсервис» (Қобилов Зафар Наримонович) - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

                   V.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Жасмин» - (Раҷабова Назира Иброҳимовна) - номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

                   VI.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» (Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович) - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

                   VII.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои Шумо» (Ҷаборов Фариддун Маҷидович) - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

                   VIII.Ширкати соҳибмулкони манзили Аҳрор Мухторов, 4/1 (Элмуродов Шароф Тураевич) - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология»;

                   IX.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шерматова Н.Г.»   (Шерматова Наргис Гадойбоевна) - номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

                   Х.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» (Муҳабатов Муфарах Муминҷонович) - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

                   XI.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут - 2000» (Қодирзода Абдуҳалим) - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

                   XII.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер» (Остонаев Мансур Муртазоевич) - номинатсияи «Хўроки умум»;

                   XIII. Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «ТТ Мобайл» (Никитин Денис Александрович) - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

                   XIV.Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Континент-Инвест» (Шарипов Сафаралӣ) - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

                   XV.Корхонаи воҳиди давлатии «Шарқи Озод» (Файзуллозода Қурбоналӣ Бобоҷон) - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

                   XVI.Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Заводи асфалту бетон» (Ҳукматов Тоҳир Мирзошоевич) - номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

                   XVII. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грант Торнтон» (Арутюнян Манвел Рудикович) - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

                   XVIII.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ширкати телевизион ва радиои «Азия-Плюс» (Аҳрорӣ Парвона Зоҳировна) - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» ғолибони озмун ва «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» ғолиби номинатсияи «Савдо» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть Таджикистан» (Мирзоев Фарҳод Султонбекович) дониста шаванд.

                   2. Ғолибони озмун аз рўи ҳар як номинатсия бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» ғолиби номинатсияи «Савдо» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть Таджикистан» Мирзоев Фарҳод Султонбекович бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб, иштирокчиёни дигари озмуни шаҳрӣ бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  сарфароз  гардонида  шаванд.

        3.Муқаррар карда шавад, ки:

                   - супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили  Рўзи пойтахт сурат мегирад;

                   - пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардонида мешаванд.

                   4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

                   5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                  М.УБАЙДУЛЛОЕВ