Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2016

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 113 аз 07.04. соли  2016

 

   Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин

   тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2015»

 

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи хизматрасонӣ ба меҳмонони хориҷӣ ва ватанӣ, зина ба зина рушду нумуъ ёфтани сатҳи хизматрасонӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў гардондани субъектҳои хоҷагидории хизматрасонӣ, инчунин  рушди минбаъдаи  соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе, таҳкими муносибатҳои судманд бо бахши хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ, ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №360 аз 28 августа соли 2011 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

  ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Протоколи замимагардидаи комиссияи озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2015» №1 аз 8 апрели соли 2016 оид ба ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин:

Беҳтарин меҳмонхона

 

ҶДММ  «Душанбе - Серена»;

Беҳтарин тарабхона

ҶДММ «Мерве»;

                                         Беҳтарин ошхона

ҶДММ «Сирдарё»;

тасдиқ карда шавад.

2. Ғолибони озмун бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб сарфароз гардонида шаванд.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

- супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт сурат мегирад;

- пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардонида мешаванд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                  М.УБАЙДУЛЛОЕВ