Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 October 2010

18 октябри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе тибқи таъйидшуда, бо гузашти ду ҳафтаи муқаррарӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ  таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои ҷараёни  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва иштироки ширкатҳои лоиҳакашиву  сохтмонии ватаниву хориҷӣ  дар он ва баррасии масъалаҳои рўзмарраи сохтмончиён ва ташаббусҳои созандаи онҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа дар радифи сохторҳои масъули шаҳрдорӣ  тамоми  шахсони воқеиву ҳуқукии дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони иншооти нави таъиноти манзилӣ  ва гуногундошта, инчунин  пудратчиёни онҳо ширкат варзиданд.

Зимни пайгирии ҳолати сохтмони иншоотҳои мухталиф, ки дар маҷмўъ 118 иншоот: 53 адад аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ  ва 65 адад аз ҳисоби манбаҳои ғайрибуҷавӣ  дар ҳудуди шаҳр тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба истифодадиҳии ҳар кадомашон аз ҷониби фармоишгарон то ҷашни 20 –солагии Истиқлолияти давлатӣ   ба нақша гирифта шудааст, дастур гардид, ки корҳои назорати техникӣ  ва сифати сохтмон ва масолеҳи истифодашаванда аз тарафи пудратчиён пурзўр карда шавад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин зимн сохтмончиён имкон доранд ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки баррасии онҳо дар салоҳияти шаҳрдорӣ  мебошанд, дар ҷаласаҳои ҳар ду ҳафта бо иштироки онҳо доиршаванда барои матраҳ сохтан  пешниҳод намоянд.  

Дар ҷаласа инчунин масоили дигари мубрами хоҷагидории шаҳр ва омодагиҳои пойтахт ба таҷлили Рўзи Сарқонуни мамлакат баррасӣ  гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас дода шуд.