Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2016

Ин сана барои сокинони шаҳри Душанбе дар радифи дигар ҷашну санаҳои тақдирсози миллат хело арзишманд аст.

Ҳамасола тибқи анъаноти шаҳрдорӣ Рӯзи пойтахт бо ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол гардида, дар ин рӯз дар радифи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ маъмулан як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ин навбат низ қабл аз шуруи тантанаҳои ҷашнӣ ба ин муносибат Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев ва дигар масъулини шаҳрдорӣ  дар пойтахт 3 иншооти нави азнавсозигардида :  бинои иловагии кӯдакистони №45 бо иқтидори 64 ҷой ,  кӯдакистони №41 бо иқтидори 160 ҷой ва  баъди азнавсозӣ  ба кӯдакистон табдил додани бинои қаблии муассисаи таҳсилоти умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иқтидори 85 ҷой, ки дар маҷмӯъ 309 ҷойро ташкил мекунанд, ба истифода супорид.

 Қобили тазаккур аст, ки арзиши умумии ин  се муассисаи томактабӣ, ки аз буҷаи шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд,  11 миллиону 954 ҳазору 242 сомониро ташкил медиҳад.

Субҳи 16 апрели соли 2016 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фазои идона, соати 9-00, дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон - иштирокчиёни ҳафтумин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  таври анъанавӣ ҳамасола аз ҷониби шаҳрдорӣ дар Рӯзи пойтахт амалӣ мегардад, инчунин кулли меҳмонону иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

Сипас, тибқи нақша соати 14-00 дар толори муҳташами Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ бо ширкати фаъолону собиқадорони меҳнат, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию доираи васеи институтҳои шаҳрвандии пойтахт баргузор гардид.

            Дар толори идона ороёфтаи Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” Маҳмадсаид Убайдуллоев аҳли ҳузорро ба муносибати Рӯзи пойтахт аз номи мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи шаҳр самимона шодбош гуфта, ба вусъати корҳои ободонию ватандӯстӣ раҳнамун сохт. Сипас дар ин ҳамоиши тантанавӣ дар ҳузури фаъолони пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғолибони ҳафтумин  Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон ҷойҳои аввал – Либога Вилсон Гатхатай  варзишгар аз Кения ва Маслова Даря варзишгар аз Қирғизистон  ба ҳар кадоме 27510   сомонӣ, мутаносибан 3500 доллари амрикоӣ,  ҷойҳои дуюм- Петров Андрей  варзишгар аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Жанатбек Гулжанат    варзишгар аз шаҳри Алматои Ҷумҳурии  Қазокистон ба ҳар кадоме 23580  сомонӣ, мутаносибан  3000 доллари амрикоӣ, ҷойҳои сеюм- Иван Бабарайка  варзишгар аз Украина ва Котовская Олга     варзишгар аз Украина  ба ҳар кадоме 19650   сомонӣ, мутаносибан 2500 доллари амрикоӣ, ҷойҳои чорум- Ҳасан Ғаффоров варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коробитская Мария   варзишгар аз Қирғизистон  ба ҳар кадоме  15720   сомонӣ, мутаносибан 2000 доллари амрикоӣ, ҷойҳои панҷум- Имашаев Алмат варзишгар аз Ҷумҳурии Қазоқистон  ва Курия Миллисент Гатхони варзишгар аз Кения ба ҳар кадоме 14150   сомонӣ, мутаносибан 1800 доллари амрикоӣ ва ҷойҳои шашум – Мамедов Владислав  варзишгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва  Марина Хмилевская  варзишгар аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон   ба ҳар кадоме 11790   сомонӣ, мутаносибан 1500 доллари амрикоӣ дар расми тантанавӣ тақдим гардид.

Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳо чунин муайян ва аз ҷониби Раиси шаҳр дар расми тантанавӣ қадргардонӣ шуданд:

 - «Мактаби сол-2015» - коллективи педагогии   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Мукофот: хонаи сеҳуҷрагии №49 бо масоҳати умумии 76,5м2 воқеъ дар кӯчаи Беҳзод-32, шаҳри Душанбе ;

- «Директори сол-2015» - директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 28  Ғаниева Гулчеҳра.  Мукофот: 3000  (се ҳазор)  сомонӣ;

- ««Муаллими сол-2015» - муаллимаи фанни химияи гимназияи №74 Бозорбоева Наргиз. Мукофот:  2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

- «Кӯдакистони сол -2015» -  кӯдакистони № 98 ноҳияи Сино  (мудираш Имомова Уронбибӣ). Мукофот:  3000 (се ҳазор) сомонӣ;

- ««Мудири кӯдакистони сол-2015» - мудири кӯдакистони № 1 ноҳияи Шоҳмансур Набиева Ҷамила. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

- ««Мураббии сол-2015» - мураббии хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе  Акрамова Махфират. Мукофот:  1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ;

-   «Синфи  беҳтарини  сол-2015» -  коллективи синфи 11«а» гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе. Мукофот: Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба  роҳбари ҳамин синф  Алматова Гулбаҳор  1000 (як ҳазор)  сомонӣ ,  сардори синф Саидзода Фарзона  500 (панҷсад)  сомонӣ, 27 (бисту ҳафт)  нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  400 (чорсад)  сомонӣ;

 -«Волидайни беҳтарини сол - 2015» Сатторов Искандар,  аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 93 ноҳияи Сино. Мукофот : 5000 (панҷ  ҳазор) сомонӣ

Коллективи меҳнатии кӯдакистони № 17 ноҳияи И. Сомонӣ (мудираш  Кучарова Ҳусния) барои ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2015» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  1500 ( як ҳазору панҷсад) сомонӣ ва коллективи меҳнатии кӯдакистони № 63  ноҳияи Фирдавсӣ  (мудираш Азизова Идимо) барои ишғоли ҷойи 3-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол - 2015» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ қадр карда шуданд. 

 Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, иштирокчиёни фаъоли озмунҳои «Мактаби сол-2015», «Директори сол-2015», «Муаллими сол-2015», «Кӯдакистони  сол – 2015»,  «Мудири кӯдакистони сол–2015», «Мураббии  сол–2015» Қузиева Мунира – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 92 ноҳияи Сино; Абдураҳмонова  Гулчеҳра – директори муассисаи  таълимии таҳсилоти миёнаи умумии  № 40 ноҳияи  Фирдавсӣ; Ятимова Назира – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 31 ноҳияи Шоҳмансур;    Сайфуров Маҳмадсидиқ –  директори муассисаи  таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 20 ноҳияи Шоҳмансур;    Раҳимова Гулнора – директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 13 ноҳияи И. Сомонӣ;  Холиқова Муаззам – муаллимаи фанни математикаи гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи  ноҳияи И. Сомонӣ;  Давлатов Шералӣ – муаллими  синфҳои ибтидоии литсейи № 55  ноҳияи Шоҳмансур; Темирзода Бахтовар  – муаллими фанни таърихи  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Сино; Эгамова Мадина - мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 36 ноҳияи  Шоҳмансур;   Ғайбуллоева Латофат  - мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 42  ноҳияи Сино; Баротова Зулфия – мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 65 ноҳияи  Фирдавсӣ; Сулаймонова  Наргис   -мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони   №  98   ноҳияи  Сино;  Афсаҳова Нодира  -  мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони  № 64 ноҳияи Шоҳмансур ҳар кадом ба маблағи 700 сомонӣ мукофотонида шуданд.

5 нафар хатмкунандагон - барандагони медалҳои тилло ба маблағи 1000 сомонӣ ва 5 нафар барандагони медалҳои нуқра ҳар кадоме ба маблағи  700 сомонӣ қадргардонӣ гаштанд.

Ҳамзамон ба «Беморхонаи сол - 2015» - коллективи кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии №5. Мукофот : 3000  (се ҳазор) сомонӣ;

- ««Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2015» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №9. Мукофот:  2500 (ду ҳазору панҷсад)  сомонӣ;

- ««Табиби сол - 2015» - табиби шуъбаи ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъдаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Қандаков Олимшо Қанатшоевич. Мукофот : 2000 (ду ҳазор)  сомонӣ;

 - ««Табиби оилавии сол - 2015» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №1 Кабиров Комилҷон Мунаваршоевич. Мукофот:  1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

 - «Корманди миёнаи тибби сол – 2015»  ҳамшираи тиббии Маркази саломатии шаҳрии №9 Абдуллоева Тахмина Ҳабибуллоевна. Мукофот: 1000 (ҳазор) сомонӣ.

- «Беҳтарин меҳмонхонаи пойтахт дар соли 2015»- ҶДММ  «Душанбе - Серена». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин тарабхонаи пойтахт дар соли 2015» - ҶДММ «Мерве»». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин ошхонаи пойтахт дар соли 2014» ҶДММ «Сирдарё». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе;

- «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - Ҳалимова Нигина, корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи И.Сомонӣ. Мукофот: диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм»;

- «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ. Мукофот : диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

«Беҳтарин нозири минтақавии сол» подполковники  милитсия, сардори минтақаи хизматии милитсияи №1 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи И.Сомонии  шаҳри Душанбе Мухшулов Мирзомурод Шонабоович. Мукофот: 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;

- ҷои дуюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» капитани милитсия, сардори минтақаи хизматии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 шаҳри Душанбе Умаров Фаридун. Мукофот: 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти ««Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;

- ҷои сеюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» капитани милитсия, сарнозири минтақаи хизматиии милитсияи №1 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Тоиров Илҳом Назруллоевич.  Мукофот: 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе.

- «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе»   мактаби варзиши махсуси кӯдакону  наврасони захираҳои олимпии №6-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои гӯштин. Мукофот : 3500 (се ҳазор) сомонӣ;

 - «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» толори варзишии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мукофот: 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ; 

- «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе»  Назарова Зайтуна-мураббии варзишгар Дилшод Назаров . Мукофот :  3000 (се ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд. 

       Инчунин баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва таблиғи оммавияти пешбурди тарзи ҳаёти солим бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе 28 нафар ғолибони озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2014» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ ҷои аввал - 1000 сомонӣ, ҷои дуюм -  900 сомонӣ, ҷои сеюм  800 сомонӣ ва стипедияи дараҷаи 2  аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ҷои аввал - 700  сомонӣ, ҷои дуюм  - 600 сомонӣ ва ҷои сеюм  - 500 сомонӣ барои 8 моҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» аз рӯи 17  номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ - нишони фахрии озмун тариқи зайл қадр карда шуданд:

- Ҷамъияти саҳомии кушода «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» (Саидов Умед Иброҳимович) - номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Техноинвест» (Раҷабов Файзалӣ Қурбоналиевич) - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть - Таджикистан» (Мирзоев Фарҳод Султонбекович) - номинатсияи «Савдо»;

  - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Тоҷикинтурсервис» (Қобилов Зафар Наримонович) - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

  - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Жасмин» - (Раҷабова Назира Иброҳимовна) - номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

  - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» (Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович) - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои Шумо» (Ҷаборов Фариддун Маҷидович) - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

 - Ширкати соҳибмулкони манзили Аҳрор Мухторов, 4/1 (Элмуродов Шароф Тураевич) - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шерматова Н.Г.»   (Шерматова Наргис Гадойбоевна) - номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» (Муҳабатов Муфарах Муминҷонович) - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут - 2000» (Қодирзода Абдуҳалим) - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер» (Остонаев Мансур Муртазоевич) - номинатсияи «Хӯроки умум»;

- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» (Никитин Денис Александрович) - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Континент-Инвест» (Шарипов Сафаралӣ) - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

 - Корхонаи воҳиди давлатии «Шарқи Озод» (Файзуллозода Қурбоналӣ Бобоҷон) - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» (Ҳукматов Тоҳир Мирзошоевич) - номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грант Торнтон» (Арутюнян Манвел Рудикович) - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ширкати телевизион ва радиои «Азия-Плюс» (Аҳрорӣ Парвона Зоҳировна) - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ»

- «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» ғолиби номинатсияи «Савдо» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефть Таджикистан» (Мирзоев Фарҳод Султонбекович) бошад бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, сарфароз  гардонида  шуд.

Беҳтарин намоиши наврӯзии имсола –намоиши наврӯзии ноҳияи Сино дониста шуда, ҳамзамон барои қадр намудани ширкаткунандагони фаъоли маъракаҳои наврӯзӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино 25 000 сомонӣ ва ба ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ ба ҳар кадоме 15000 сомонӣ  тақдим карда шуд.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба 302  раисони шаҳраку маҳаллаҳо  ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ кӯмаки яквақтаина ба ҳар кадоме  2000 сомонӣ расонида шуд, ки ин масрафот ба буҷаи шаҳр  604 000 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон бо мақсади густариши пайваставу пайгирона ва тавсеаю тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманду муттасили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмунҳои шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарини пойтахт”, “Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил” ва “Беҳтарин манзили пойтахт” ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба моҳи сентябри соли равон гузаронида шуд.

            Ҳамзамон бо ироаи шодбошиҳои самимии худ ба ифтихори Рӯзи пойтахт,  аз намояндагони аҳли зиё, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилотҳои идоракунандаю ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр даъват ба миён овард, ки дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон беш аз ҳарвақта  потенсиали шаҳрдорӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахтро баҳри густариш ва тақвият бахшидан ба дигаргунсозиҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони Душанбешаҳр  раҳнамун сохта, то ҷашни навбати Рӯзи пойтахт дастовардҳои нав ба навро армуғон созанд. 

                Тантанаҳои идонаро ба истиқболи Рӯзи пойтахт  консерти шомгоҳии дастаҳои ҳунарӣ дар боғи Боғи устод Рӯдакӣ, истироҳату фароғати меҳмонон ва сокинон дар мазраҳои гулафшони Душанбе хотима дода, омодагиҳоро барои сабқат дар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ барои як соли дигар оғоз бахшид.