Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 April 2016

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманду муттасили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ,  бо инобати протоколи маҷлиси ҳайати ҳакамон оид ба ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт» аз 11 апрели соли 2016  ва Консепсияи озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №169 аз 9 апрели соли 2009 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои  4 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

Қарор  мекунам:

1.«Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - Кооперативи соҳибмулкони манзили маҳаллаи 83-и ноҳияи Сино бо Диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

2. «Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Севастопол, хонаи 33 (соҳибмулк Буриев Бобоҷон) бо Диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

3. «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳалимова Нигина бо Диплом, як адад телевизор бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа-Оби гарм» қадрдонӣ карда шавад.

4. «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт» - Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ бо Диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.     

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблаѓҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои дастрас намудани 3 маҷмуъ компютеру мизу курсӣ, телевизор, роҳхати осоишгоҳи «Хоҷа-Оби гарм» маблаѓи 15110 (понздаҳ ҳазору яксаду даҳ) сомониро ҷудо намояд.

6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д. Т.) инъикоси иҷрои Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри  Душанбе Лангариева Ҷ. С. гузошта шавад.

                                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ