Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2016

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №129 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи баргузор намудани тендер» оид ба таъмини талаботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо маводи канселярӣ ба мақсади самаранок истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани иштироки ташкилотҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» рӯзи 12 майи соли 2016 ба озмун даъват менамояд.

     Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

    1.Нусхаи ҳуҷҷатхои таъсисии корхона;

    2.Пешниҳоди тендерӣ;

    3.Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;

    4.Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархостӣ тендерӣ

         дар ҳаҷми 1 % аз маблаѓи пешниҳоди тендерӣ;

    5.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди Иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ѓайрибуҷетӣ тасдиқ мекунаду на дертар аз 20 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

    6.Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои модӣ-техникӣ тахасуси кормандон ва қарордодҳои  дар 2 соли охир иҷро намуда;

    7.Муҳлати (молрасони, иҷрои кор);

    8.Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

     Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии 221-27-66, 221-64-31, 907-99-12-50 дастрас намоянд.

     Дархостҳо бояд дар лифофаи муҳргузошта то соати 15-00  11 майи соли 2016 ба шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроѓаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд.

        Озмун рӯзи 12 майи соли 2016 соати 10-00 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 баргузор мегардад.