Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 124-14 аз 12 апрели соли 2016         

         

Дар  бораи  муваққатан қатъ намудани интиқоли

оби нӯшокии қубури д-300мм, воқеъ дар кӯчаи

Айнӣ, ноҳияи Шоҳмансур 

 

         Бо мақсади таъмини иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо таҳхона, ҷойгиркунии маркази савдою хизматрасонӣ дар ду ошёнаи аввали он ва бунёди таваққуфгоҳи зеризаминии дуқабата дар ҳудуди заминҳои биноҳои бартарафшавандаи ду ошёнаи асосӣ ва ду бинои ёрирасони якошёнаи Дармонгоҳи дандонпизишкии №1-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 32», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.    Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи ҶДММ «Эъмор» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оид ба муваққатан  аз соати 2200 рӯзи 28 апрел то соати 0800 рӯзи 29 апрели соли 2016 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури д-300 мм, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, ҷонибдорӣ карда шавад.

2.    Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани    қубури д-300 мм ба қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои А. Дониш, Н. Муҳаммад бо гузаргоҳҳояш, Адҳамов, Айнӣ (аз меҳмонсаройи «Пойтахт» то кӯчаи А. Дониш), гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Айнӣ, кӯчаҳои М. Собирова ва Деҳлавӣ қатъ мегардад. 

3.    Аз сокинони кӯчаҳои зикршуда хоҳиш карда шавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 10 соат захира намоянд.

4.    Раиси ноҳияи Шоҳмансур  Сиёмардзода С. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз автомобилҳои обкашӣ сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.    Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6.    Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Расулов А. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ