Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 April 2016

25 апрели соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба раванди омодагиҳо ба ифтихори таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ нигаронида, бо инобати хулосабарорӣ ва натиҷаҳо аз фаъолияти анҷомгирифта дар ин самт, таъкид дошт, ки баҳри амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ роҷеъ ба истиқболи сазовори ин чорабинии муҳимму беназири сиёсӣ дар радифи аҳли ҷамоатчигӣ, беш аз ҳарвақта потенсиали мавҷудаи мақомоти намояндагии шаҳр ва ноҳияҳои он сафарбар карда шаванд.

Зикр гардид, ки дар маҷмуъ нуфузи 219 вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, ки намояндагони кулли соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илму фарҳанг буда, бо ихтисосмандӣ роҳбарони ташикилоту идораҳои мухталиф мебошанд, зимни сафарбарии ҳамарӯза дар ҳавзаҳои интихоботӣ, ки фарогири 302 шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳастанд, имкон хоҳад дод, ки расидагӣ ба мушкилоти сокинон ва татбиқи барномаҳои созандагӣ дар шаҳр нек дастёб гардад.

Бо ин мақсад дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор карда шуд, ки шуруъ аз 26 апрел то 31 августи соли ҷорӣ зарфиятҳои мақомоти намояндагии шаҳру ноҳияҳо ва масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ танҳо барои вусъати барномаҳои ободонии шаҳраку маҳаллаҳо сафарбар гардида, ҳамарӯза аз соати 6 то 7 –и субҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои мушаххас, мутаносибан боздиди гуруҳҳои корӣ аз ҳолати 302 шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр оғоз ёфта,  аз соати 18 то 20 дар сатҳи ҳар кадоме натиҷагирӣ аз корҳои анҷомгирифта ва тарҳрезии тадбирҳои иловагӣ сурат мегирад.

Инчунин муқаррар карда шуд, ки дар ин муддат ҷаласаҳои корӣ танҳо рӯзҳои душанбеи дуюм ва чоруми моҳ, соати 7-и субҳ дар назди Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки 219 вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ, роҳбарони 302 сохторҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ташкилоту идораҳое, ки дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда аз рӯи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор карда мешаванд.

Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки аз 26 апрел то 31 августи соли ҷорӣ рӯзҳои қабули муовинони Раиси шаҳр танҳо дар рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 ва кор бо ҳучҷатҳо дар дастгоҳи Раиси шаҳр барояшон рӯзҳои душанбе ва шанбе муқаррар карда шавад.

Дар ин росто, аз вакилон хоҳиш карда шуд, ки зимни анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо барои ба ифоқа овардани намои биноҳо, бартарафсозии панҷарагиронӣ ва ғасби худсаронаи замин, тақвият додани корҳои сабзкорӣ бо ҷалби неруи созандаи аҳли ҷамоатчигӣ ва бо ғамхориҳо фаро гирифтани қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар ҷойҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар сурати ба мушоҳида расидани нуқсонҳо ҷиҳати рафъи онҳо дар доираи ваколатҳои ба зимма доштаашон саҳми муносиб гузоранд. 

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳамагонро ба омодагии пойтахт ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида, дастур дод, ки барои дар сатҳи арзанда доир гардидани ин  чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ  андешанд. 

Ҳамзамон бо дахли масоили мақсаднок ва дар рӯҳияи оммавияти ватандӯстона ташкил намудани маъракаи даъвати баҳории ҷавонони синни даъватӣ аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони ноҳияҳо, коммисариатҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъватии шаҳрию ноҳиявиро якҷоя бо сохторҳои зидахл вазифадор сохт, ки дар ин раванд ба сифати иҷрои нақшаи пешбинишуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба тақаллубкориҳо дар ташхиси тиббии даъватшандагон ва таъмини волоияти қонуну масъулияти падару модарон дар сафарбарсозии ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Дар фарҷом бо инобати фарорасии ҷашни 71-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар партави сиёсати раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуд, ки бо роҳандозии барномаҳои консертӣ ва сайругашти оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр дар санаи 9-уми май, ба ин муносибат чун анъана имсол низ аз ҳисоби шаҳрдорӣ  1500 сомонӣ ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 500 сомонӣ, дар маҷмуъ 2000 сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ кӯмакпулии яквақтаина таъмин карда шавад.