Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 April 2016

ҚАРОРИ Раиси шаҳри Душанбе №  131   аз  19.04.2016

 

Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба баҳри таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар заминаи равона намудани тамоми нерӯю имконияти мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ баҳри тавсеаю тақвияти фаъолияти ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла ва гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаву муассиса ва воридсозии навгониҳои моддию маънавӣ дар ҳаёти ҷомеа ва корҳои рӯзмарраи аҳли ҷамоатчигии шаҳр, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Аз 26 апрел то 3 сентябри соли 2016 дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе – 130 рӯзи омодагиҳои ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ оид ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи равона намудани тамоми нерӯю имконият баҳри тавсеаю тақвияти фаъолияти ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла ва гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассиса ва воридсозии навгониҳои моддию маънавӣ дар ҳаёти ҷомеа ва корҳои рӯзмарраи аҳли ҷамоатчигии шаҳр эълон ва аз сокинони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар татбиқи ин иқдом ҳамаҷониба саҳми самарабахш гузоранд.

2.Нақшаҳои кории соҳавии муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе оид ба корҳои омодагии ҳамаҷониба баҳри таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз 26 апрел то 3 сентябри соли 2016 тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шаванд.

3.Дар давраи дар банди 2 ҳамин Қарор зикршуда, мутасаддиён ба ноҳияҳои шаҳр ба таври зайл вобаста карда шаванд:

-

Расулов А.Р.,

муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

-

ноҳияи И.Сомонӣ

-

Мақсудзода Ш.,

муовини Раиси шаҳри Душанбе

-

ноҳияи Фирдавсӣ

-

Самадов Ш.Д.,

муовини Раиси шаҳри Душанбе

-

ноҳияи Сино

-

Ҳакимов Н.Ҳ.,

муовини Раиси шаҳри Душанбе

-

ноҳияи Шоҳмансур

 

4.Муқаррар карда шавад, ки муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба соҳаҳои мутасаддӣ ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои нақшаҳои кории соҳавиро дар ҳудуди маъмурии шаҳр таъмин намуда, оид ба ҷараёни татбиқи онҳо рӯзҳои душанбеи ҳафтаҳои дуюм ва чоруми ҳар моҳ дар ҷаласаҳои назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе дар баробари раисони ноҳияҳои шаҳр, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассиса, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ оид ба иҷрои ҳамин Қарор ҳисобот медиҳанд.

      5. Баҳри истифодаи самараноки вақти корӣ дар давраи 130 рӯзи омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ҳамагуна ҷаласаҳои дигар дар назди муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои шаҳрӣ қатъиян манъ ва тартиби кору фаъолияти муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр дар давраи зикршуда тариқи зерин муқаррар карда шавад:

а) рӯзи душанбе –кор дар идора бо ҳуҷҷатҳои хизматӣ;

б) рӯзи шанбе аз соати 800 то соати 1200 – қабули шаҳрвандон;

 

 

     в) рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъаи ҳар ҳафта тибқи замимаи №2 кор дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории дар ҳудуди маъмурии шаҳр фаъолияткунанда ва тибқи замимаи №3 баргузории ҷаласаҳои назоратӣ дар мавзеъҳои зикршуда оид ба ҷамъбасти фаъолияти анҷомгирифта ва татбиқи чораҳои мушаххаси иловагӣ баҳри тавсеаю тақвияти фаъолияти ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла, гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассиса ва воридсозии навгониҳои моддию маънавӣ дар ҳаёти ҷомеа ва корҳои рӯзмарраи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати татбиқи нақшаҳои корӣ оид ба омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

     6. Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори  мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намуда, Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” (Саидов Ш.Н.) бо таҳияи реҷаи муайян пахши барномаҳои телевизиониро вобаста ба ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷитимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ оид ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба роҳ монад.

      7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (ӯлмасов Ф.У.) вогузор карда шавад.

                                                                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

НАҚШАИ ТАҚВИМИИ

баргузории ҷаласаҳои назоратӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории дар ҳудуди маъмурии шаҳр фаъолияткунанда ҷиҳати татбиқи нақшаҳои кории муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баҳри тавсеаю тақвияти фаъолияти ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла, гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассиса ва воридсозии навгониҳои моддию маънавӣ дар хаёти ҷомеа ва корҳои рӯзмарраи аҳли ҷамоатчигии шаҳр оиди омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

НАҚШАИ ТАҚВИМИИ

кор дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории дар ҳудуди маъмурии шаҳр фаъолияткунанда  ҷиҳати татбиқи нақшаҳои кории муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баҳри тавсеаю тақвияти фаъолияти ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла, гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассиса ва воридсозии навгониҳои моддию маънавӣ дар хаёти ҷомеа ва корҳои рӯзмарраи аҳли ҷамоатчигии шаҳр оиди омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе