Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 133-6 аз  22 апрели  соли 2016


Дар бораи баргузор  намудани Ҳафтаи  «Поси хотир» бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади баланд бардоштани худшиносӣ, тақвият бахшидани эҳтирому садоқат ба диёр, арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозон ва поси хотири ҷовидонаи онҳо, усулҳои мусоидаткунандаи ифтихор ва талош барои хидмат ба Ватан, ташаккули ҷаҳонбинию зиракии сиёсӣ ва  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, бо назардошти муроҷиати Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон №62 аз 4 апрели соли 2016 мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.       Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузор намудани Ҳафтаи «Поси хотир» бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шаванд.

2.       Ба Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ҷамъомади поси хотири ҷанговарони интернатсионалист дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко 7 майи соли 2016 аз соати 8-00 то 10-00 иҷозат дода шавад.

3.       Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои шаҳрӣ то таҷлили Рӯзи Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тибқи нақшаи замимагардида, дар доираи Ҳафтаи «Поси хотир» баргузор намудани чорабиниҳои гуногунмазмунро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ба роҳ монанд.

4.       Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои зарурӣ  андешанд.

5.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намояд. 

6.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ


Замима ба

Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№133-6 аз  22 апрели соли 2016

 

Н А Қ Ш А И

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузор намудани  Ҳафтаи «Поси хотир» бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Масъулони иҷро

Масъули назорат

1.       

Баргузории чорабинии тантанавӣ дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Александр Мироненко

7 майи соли 2016 аз соати    8-00 то 10-00

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва  Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лангариева Ҷ.С.

2.       

Баргузории озмунҳои ақливу зеҳнӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ  миёни хонандагони муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва касбомӯзони коллеҷу омӯзишгоҳҳо, маҳаллаҳо ва ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе

мунтазам

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф дар ҳамкорӣ бо    сохторҳои марбута

Лангариева Ҷ.С.

3.       

Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҳудуди шаҳр бо ширкати хонандагони муассисаҳои таҳсило-ти миёнаи умумии шаҳри Душанбе

мунтазам

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута

Лангариева Ҷ.С.

4.       

Баргузор намудани Фестивал–озмуни сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» миёни сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳри Душанбе дар Боѓи устод Рӯдакӣ

7 майи

 соли 2016,

 соати 1830

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута

Лангариева Ҷ.С.

5.       

Ташкили суҳбату вохӯриҳо бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе миёни ҷавонон вобаста ба пешгирии зуҳуроти номатлуб, терроризму экстримизм ва хатару таҳдидҳои ифротгароёнаву гурӯҳҳои тундрав ва даргириҳои ҳарбӣ  дар ҷаҳони муосир 

мунтазам

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  маориф, дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва  Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалиисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лангариева Ҷ.С.

6.       

Бо ташкили ҳашар тозаю озода намудани оромгоҳҳои иштирок-чиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашудаю  интер-натсионалистони ҳалокгардида

мунтазам

 

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва маорифи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе,  Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лангариева Ҷ.С.

7.       

Ташкили вохӯрии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ  ва ҷавонони маҳаллаҳои пойтахт

7-9 май

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе,  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лангариева Ҷ.С.

8.       

Шиносонидани хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо вазъи буду боши хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ, ташкили аёдату дидорбинии волидони сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ, мулоқоту вохӯриҳои шахсиятҳои маъруфу шинохта, баргузории мусобиқаҳои гуногуни зеҳниву варзишӣ ва ҳавасманд-гардонии сарбозон

доимӣ

Раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе,  Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

9.       

Таҳияву пахши силсиланамоишҳо, гуфторҳои телевизионӣ ва радиоӣ, наворҳои тарѓиботии ватандӯстона, таҳияву инъикоси барномаҳои таҳлилӣ аз ҳаёти сарбозон, ташкили мулоқоту суҳбатҳо бо сарбозони муваффақу ватандӯст, ҳамчунин нашри идонаи рӯзномаи «Паёми Душанбе»

доимӣ

Муассисаҳои давлатии «Телевизиони пойтахт», рӯзномаи «Паёми Душанбе», Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар воситаҳои ахбори омма

Лангариева Ҷ.С.