Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 May 2016

11 майи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев   ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи  шаҳр баргузор гардид.

         Дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба татбиқи муқаррароти Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукуҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»  дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  тибқи Қарори зикршуда  нигаронида, бо инобати хулосабарорӣ ва натиҷаҳо аз фаъолияти гурӯҳҳои кории дар ҳар як ноҳияи шаҳр аз 26 апрел то 10-уми майи  соли равон суратгирифта, фаъолияти анҷомдодаи гурӯҳҳои кориро нокифоя арзёбӣ кард.

Дар иртибот ба ин дастур дод, ки гуруҳҳои корӣ дар тўли ду ҳафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ оид ба аз байн бурдани ҳолатҳои ошкоргардидаи ѓасбу худсарона иҳотагирии  қитъаҳои замини назди биноҳои бисёрхонагию ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва бунёди иншооти ѓайриқонунию  ёрирасони ба фарҳанги шаҳрнишинӣ бегона ва гаражу дарахтони хушкида, инчунин ободонии намои биноҳо, роҳу ҳудуди маҳалҳо ва каналу селпартоҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Бо инобати боз ҳам тақвияту тавсеа додани омодагиҳо ба ин раванд Маҳмадсаид  Убайдуллоев аз прокуратураи шаҳр ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ  даъват   ба миён овард, ки дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  зимни мулоқоту вохӯриҳо ба сокинон моҳият ва муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии  биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро васеъ фаҳмонида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.  

Дар ҷаласа Раиси шаҳр ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 нигаронида, бо инобати пешбинӣ гардидани ба фаъолият оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки иқтидори бо гармӣ таъмин намудани иншооту биноҳои