Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2016

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №130 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи баргузории тендер» барои хариди 15 адад автомобили сабукрави назоратӣ бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии тоҷикистон дар шаҳри Душанбе довталабоне, ки автомобил истеҳсол мекунанд, ба озмун даъват менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо назардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад.

1.     Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер бояд на дертар аз 3 рӯз то санаи баргузор гардидани ҷаласаи комиссияи тендерӣ (кушодани лифофаҳо) пешниҳод гардад.

2.     Пешниҳоди тендерии довталаб бояд муҳлати таҳвили автомомобилу арзиши онро танҳо аз ҷониби субъектҳои истеҳсолкунанда бо инобати хароҷотҳои нақлиётӣ, санҷиш ва дарҷи муҳлати кафолатӣ барои 2 сол дар бар гирад.

3.     Шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ.

4.     Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷет дар ҳамаи сатҳу фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ки на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендер дода шудааст.

5.     Маълумот оид ба таҷрибаи амсоли таҳвили автомобил дар давоми як соли охир.

6.     Номгӯи автомобилҳои таҳвилшаванда бо нишон додани заводу давлати истеҳсолкунанда, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ, нарх бо сомонӣ рубли русӣ ва бо асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон.

7.     Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2% -и арзиши дархости тендерӣ.

8.     Шартҳои таҳвилии мол CIP – Душанбе.

9.     Шакли пардохт аз ҷониби ташкилоти харидор бо усули аккредитив ба роҳ монда мешавад.

10.            Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Довталабон метавонанд маълумотҳои иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии   +992(372) 221-53-24; 221-64-31 дастрас намоянд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи махкам, муҳрзада то соати 1700                  8 июни соли 2016 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48 пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи 9 июни соли 2016 соати 1100 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48 баргузор мегардад.