Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2016

19 майи соли равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ доир гардид. Дар ҷаласа дар радифи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони  бозорҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои назоратӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ, ҳамчунин намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуданд.

 Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода –Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида, бо инобати муҳимият ва нақши ин  ибтикорот, ки бозгӯи тақозои вақт ва ҷомеаамон буда, ба  такмили меъёрҳои Конститутсия, рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеа равона гардидааст, аз масъулин даъват ба миён овард, ки  баргузории чорабинии мазкур дар пойтахт дар сатҳи зарурии баланди ташкиливу ғоявӣ доир карда шавад.

         Раиси шаҳр  таъкид сохт, ки  ба ин муносибат баҳри ғановати бозори истеъмолии сокинон шуруъ аз 20 майи соли равон то санаи 23-юми май аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ва дигар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар назди КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт 90», КВД « Бозори Қарияи боло» ва дигар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия фаъолият хоҳанд кард. Иқдомоти мазкур дар даромадгоҳҳои дигар бозорҳои шаҳри Душанбе аз ҳисоби захираи  бозорҳо  сурат мегирад.

Бо инобати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамчунин дар ин рӯз барои фароғати сокинон  дар тамоми  боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони санъат, аз ҷумла дар Майдони 800 солагии Маскав ва дигар мавзеъҳои фароғатии ноҳияи Шоҳмансур – бо ширкати ҳунармандони Консерваторияи миллӣ ва ансамбли «Лола», дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ, боғи устод Рӯдакӣ, саҳни шаршараи Боғи Наврӯзгоҳ, майдони Парчами давлатӣ ва саҳни Нишони давлатии ҶТ- бо ширкати ҳунармандони ансамбли назди  Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ, дар Боғи «Кӯли ҷавонон», саҳни Филармонияи давлатӣ ва Боғи пойтахт- бо ширкати ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар боғи «Дӯстии халқҳо» ва дигар мавзеъҳои фароғатии ноҳияи Фирдавсӣ бо ширкати гурӯҳи эстрадии «Гулшан» ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон бо инобати сафарбарсозии тамоми неруи созандаи аҳли ҷамоатчигӣ барои дар сатҳи арзанда доир намудани чорабинии мазкур таъкид гардид,  ки баргузории тамоми чорабиниҳои шаҳрдорӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон ба рӯзи 22 май гузаронида мешавад.