Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2016

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ № 132 – 6   аз   21.04.2016

 

Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу

зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе

                                    

          Бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳӣ”, Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”, Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёти ҷамъиятӣ, субъектҳои ҳаётан муҳими иқтисодию бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва дар ин замина таъмини фаъолияти самараноки онҳо, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №130 аз 31 марти соли 2016 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017” ва супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 30 марти соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР      МЕКУНАМ:

1.      Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, муассисаҳо ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ташкилоту идораҳо, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва субъектҳои ҳаётан муҳими иқтисодию бозори истеъмолии дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва таъмини фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар мавсими зикршуда тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

2.      Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони аввали мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, муассисаҳо ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ташкилоту идораҳо, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва субъектҳои ҳаётан муҳими иқтисодию бозори истеъмолии дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, доир ба саривақт омода намудани соҳаҳои ба онҳо вобаста ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 бетаъхир барномаю нақшаҳои кории мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.

3.           Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳӣ” (Ятимов М.А.) мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №175 аз 22 апрели соли 2008 “Дар бораи такмили хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳри Душанбе” тавассути бастани шартномаҳои тарафайн бо истеъмолкунандагони нерӯи гармӣ, тибқи замимаи №2, чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъиноти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, дигар ташкилоту идораҳо) дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаҳои тайёрӣ ба анҷом расонад ва  ҳамзамон муқаррар карда шавад, ки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (И.Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Сиёмардзода С., Сино – Ализода С.А., Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ.А.) дар якҷоягӣ бо МД “Шабакаи гармидиҳӣ” (Ятимов М.А.) бо ҷалби мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ, баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тибқи замимаи №2 мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла бо маблаѓгузорӣ намудани қисмати корҳо ва андешидани тадбирҳои мушаххас бевосита масъул мебошанд.

4.             Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези  Душанбе» тибқи замимаи №3 ҷиҳати омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ѓализ ва таъмин намудани фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, чораҳои иловагӣ нисбати роҳ надодан ба талафоти оби нӯшокӣ амалӣ намояд.

5.             Корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1»,  «Автобус-2, «Автобус-3» ва «Троллейбус», тибқи мувофиқан замимаҳои №4, №5, №6, №7 татбиқи нақшаи чорабиниҳои омодасозии корхонаҳои нақлиётиро баҳри ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 амалӣ намуда, то 1 ноябри соли 2016 захираи лозимии сӯзишворӣ, равѓанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётиро таъмин созанд.               

5.1.                Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт- хадамотрасон»-и шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои нақлиётии коммуналию ҷамъиятҳои хусусии нақлиёти мусофиркашӣ тибқи замима №8 нақшаи кори мунтазами нақлиёти мусофирбарии шаҳрро барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  амалӣ намояд.

5.2.                Раёсати хадамоти давлатии назорат  ва  танзим  дар  соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе (Камолов Ф.У.) дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҳамоҳангии фаъолияти мунтазаму реҷавии тамоми намуди нақлиёти мусофирбарро дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 таъмин намуда, баромади меъёрии воҳидҳои нақлиёти мусофирбарро дар хатсайрҳо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.                 

6.             Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешаҳр” тибқи замимаи №9 захираи маводи зарурӣ (ноқилҳои барқӣ, чароѓҳои  равшанидиҳанда, васлкунанда) ва гузаронидани корҳои омодасозии шабакаи равшанидиҳӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти технологиро амалӣ намуда,  гузаронидани 2008 пешниёр Муа шавад.8 насб намудани  таъмини равшанидиҳии шаҳр ва фаъолияти нуқтаҳои тақсимотиро дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 бо инобати сарфаҷӯии нерӯи барқ тариқи реҷавӣ ба роҳ монад.

           7. Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ба роҳ мондани  фаъолияти самараноки сохторҳои шаҳрӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр, баррасии фаврӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоятҳои сокинони шаҳр доир ба фаъолияти сохтору идораҳое, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ё худ бевосита дар итоати шаҳрдорӣ қарор доранд дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, Ситоди шаҳрӣ тибқи замимаи №10 таъсис дода шавад.

     7.1. Муқаррар карда шавад, ки ҷаласаҳои Ситод дар давраи аз 2 май то 3 сентябри соли 2016 ҳафтае як маротиба (рӯзи ҷумъа, соати 1500) тибқи нақшаи тақвимии баргузории ҷаласаҳои назоратӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории дар ҳудуди маъмурии шаҳр фаъолияткунанда, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” тасдиқ шудааст, аз 3 сентябр то 2 декабри соли 2016 ду маротиба дар як ҳафта (рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа, соати 1700), аз 2 декабри соли 2016 то 1  марти соли 2017 ҳар рӯзи корӣ, соати 1800 дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ баргузор мегарданд.

     7.2. Ба сардори ситод ҳуқуқ дода шавад, ки дар ҳолати зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои кории рӯзмарра ба ҷаласаҳои Ситод даъват намояд.

         7.3. Ситоди шаҳрӣ ҳамкории доимиро бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомию холдингии кушодаи (ШСХК) “Барқи Тоҷик” ва дигар сохторҳои марбута дар самти иҷрои саривақтии масъалаҳои тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №130 аз 31 марти соли 2016 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017” ба ваколати онҳо вогузошта ба роҳ монда, ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро дар ҷаласаҳои худ баррасӣ ва аз ҷараёни татбиқи он мунтазам ба Раиси шаҳри Душанбе ва тавассути воситаҳои ахбори омма ба сокинони шаҳр иттилоъ диҳад.

         8. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, иҷрои саривақтии Қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии бевоситаи раисони ноҳияҳо, дар ҳар як субъекти дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ таҳти сарварии роҳбарони аввали онҳо ситодҳои дахлдор ташкил дода шаванд.

        9. Ба инобат гирифта шавад, ки оид ба масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, сатҳу сифати хизматрасониҳое, ки қонунгузор бевосита ба сохторҳои пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо вогузор кардааст, сокинони шаҳр метавонанд:

- ҷиҳати гармитаъминкунӣ вобаста ба ҳудуди хизматрасонӣ бевосита ба Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои 231-75-01, 231-24-41, навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур– 221-07-61, 221-23-94; Фирдавсӣ– 233-60-32, 233-86-03; И.Сомонӣ–221-06-34, 221-94-15; Сино–236-88-70, 235-75-53 ва шаҳри Душанбе–221-26-95, 223-22-14;

- ҷиҳати обтаъминкуниву корезӣ вобаста ба ҳудуди хизматрасонӣ бевосита ба КВД “Обу корези Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои 222-20-18, 222-20-51,  навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур– 221-07-61, 221-23-94; Фирдавсӣ– 233-60-32, 233-86-03; И.Сомонӣ–221-06-34, 221-94-15; Сино–236-88-70, 235-75-53 ва шаҳри Душанбе–221-26-95, 223-22-14;

- ҷиҳати рӯшноидиҳӣ бевосита ба МД “Равшании Душанбешаҳр”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои – 221-87-81, 227-47-06 ва навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе–221-26-95, 223-22-14;

- ҷиҳати фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ бевосита ба МД «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои – 224-38-07, 224-52-70;  Раёсати хадамоти давлатии назорат  ва  танзим  дар  соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе – 235-89-75, 93-888-10-19 ва навбатдории Мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  дар шаҳри Душанбе –221-26-95, 223-22-14;

- ҷиҳати  ҳолати  роҳҳо ва фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ бевосита ба навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои  Шоҳмансур– 221-07-61, 221-23-94; Фирдавсӣ– 233-60-32, 233-86-03; И.Сомонӣ–221-06-34, 221-94-15; Сино–236-88-70, 235-75-53;

- ҷиҳати ҳолати майдончаҳои партовҷамъкунӣ, вазъи экологию санитарӣ ва ветеринарӣ бевосита ба корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои Шоҳмансур – 888-08-01-02, 888-08-01-16; Фирдавсӣ – 555-55-74-74, 555-55-74-80; И.Сомонӣ – 555-55-84-24, 555-55-84-06; Сино – 95-133-88-00, 987-96-41-61 навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои  Шоҳмансур– 221-07-61, 221-23-94; Фирдавсӣ– 233-60-32, 233-86-03; И.Сомонӣ–221-06-34, 221-94-15; Сино–236-88-70, 235-75-53; Раёсати   ҳифзи   муҳити   зисти   шаҳри  Душанбе – 221-01-63, 901-55-33-47; Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе – 222-21-25, 222-21-28 ва Раёсати назорати  давлатии  байторӣ дар шаҳри Душанбе – 222-25-83, 222-25-84;

- ҷиҳати барқтаъминкунӣ бевосита ба хадамоти танзимгарии ШСХК  “Барқи Тоҷик”  тавассути   телефонҳои – 37-883-55-11, 37-883-55-22 ва зерсохторҳои маҳаллии он: ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” – 227-27-27, 223-15-97, шабакаҳои барқии ноҳияҳои И.Сомонӣ – 227-10-50, 227-10-51; Фирдавсӣ – 231-10-14, 231-10-21; Шоҳмансур – 227-10-12, 227-10-13; Сино – 236-10-14, 236-10-17;

- ҷиҳати истеҳсоли нерӯи гармӣ бевосита ба хадамоти танзимгарии  ШСХК  “Барқи Тоҷик”  тавассути  телефонҳои – 37-883-55-11, 37-883-55-22 ва зерсохтори маҳаллии он: ҶСШК “Маркази  истеҳсоли  барқу  гармидиҳии  шаҳри  Душанбе” – 221-92-12, 222-25-20 муроҷиат намоянд.

        9.1. Пешниҳоду таклиф ва дархостҳоро оид ба беҳдошти хизматрасониҳои ба ваколати шаҳрдорӣ тааллуқдошта, шаҳрвандон метавонанд ба Ситоди шаҳрӣ тавассути телефонҳои – 221-42-74, 221-26-72 ва дар реҷаи мустақим (On-Line) ба сомонаи интернетии шаҳрдорӣ  www.mometavonem.tj, почтаи электронии admin@mometavonem.tj ё тавассути фиристонидани sms-паёмакҳо ба телефони рақами 988933333 ирсол намоянд.

         9.2. Аз ШСХК “Барқи Тоҷик” хоҳиш карда шавад, ки барои таъмини дастрасии сокинони шаҳр ҷиҳати муроҷиат, тамос ва дарёфти маълумот, пайваста инъикос намудани телефонҳои хадамоти танзимгарӣ ва хадамоти “боварӣ”-и ширкат ва зерсохторҳои шаҳриву ноҳиявиашро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ ба роҳ монад.

         10. Ба инобат гирифта шавад, ки ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ қарор додан ва мунтазам гузаронидани санҷиши ҷараёни иҷрои чорабиниҳои омодасозии бинову иншооти таъиноти гуногун барои қабули самараноки нерӯи гармӣ дар қаламрави ноҳияҳо, дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум Саидраҳмонов С.С. – раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба саноат ва энергетика ба ноҳияи Сино, Валиев Ш.Ф. – раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо ба ноҳияи И.Сомонӣ, Пиров Ф.С. – раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ ба ноҳияи Шоҳмансур ва Мирзоев Т.Х. – раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба буҷет ва идораю ихиёрдории моликияти коммуналӣ ба ноҳияи Фирдавсӣ вобаста карда шудаанд.

       12. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) тавассути воситаҳои ахбори омма Қарори мазкур ва ҷараёни иҷрои онро пайваста инъикос намояд.

        13. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Улмасов Ф.У.) гузошта шавад.

                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идораҳо, корхонаю муассисаҳо, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва субъектҳои ҳаётан муҳими иқтисодию бозори истеъмолии дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон ва таъмини фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе

 

Рӯйхати

иншоотҳои таъиноташон гуногун, новобаста аз шакли моликият ҷиҳати омодасозӣ барои қабули нерӯи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2016-2017

Нақшаи чорабиниҳои

омодасозии КВД «Обу корези Душанбе» барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Нақшаи чорабиниҳои

омодасозии МД «Равшании Душанбешаҳр» барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Нақшаи чорабиниҳои

омодасозии ККВД «Автобус-1» барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Нақшаи чорабиниҳои

омодасозии ККВД «Автобус-3» барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Нақшаи чорабиниҳои

омодасозии ККВД «Троллейбус» барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Нақшаи чорабиниҳои

омодасозии МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Ҳайати

Ситоди шаҳрӣ оид ба омодасозии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо дар давраи зимистон