Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №130-1 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи эълони озмуни кушод барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он»

 

ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД ОЗМУНИ КУШОД БАЙНИ   ИНТИХОБИ БЕҲТАРИН ЛОИҲАИ АНГОРАВИИ МАҶМААИ МЕЪМОРИИ РАМЗИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО» БО АЗНАВСОЗИИ ОН,  ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

 

      Дар озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ тибқи шартҳои зерин:

А) Пешбинӣ намудани даромадгоҳи асосӣ аз қисмати кӯчаи Н.Қарабоев, бо бартарафсозии иншоотҳои мавҷудаи марказҳои савдои  «Ганҷина», «Панҷшер» ва биноҳои атрофи он, инчунин васеътар банақшагирии масоҳати майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дустии халқҳо» дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи асосии он;

            Б) Ҳалли шакли нави меъмории Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо инобати ҷойгиронии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»  ва  инфрасохторҳои  зерин;

-минтақаи истироҳат ва фароғати кудакони синну соли гуногун бо инобати истифодаи табиати маҳал, шаклҳои хурди меъморӣ, нуқтаю дӯкончаҳои хурди аз конструксияҳои сабук, атраксионҳо, майдончаҳои бозии кӯдакон ва варзишии наврасон, аквапарк, чойхона, гӯшаи намунавии ёдгории меъморӣ бо истифода аз санъати меъмории Самарқанду девори Бухоро, бо ҷойгиронии растаҳои хурди ҳунарҳои мардумӣ;

-минтақаи истироҳатии шаҳрвандон  бо маҷмааҳои муҳташами фароғатӣ ва варзишӣ барои калонсолон ва гӯшаи алоҳидаи фароғатӣ барои  муйсафедон;

-гӯшаҳои фарҳангӣ ва хотиравӣ, гулгашти адибони ҷаҳоншумул;

-минтақаҳои обии истифодаи умум, бо ташкили муассисаҳои шиноварии  вақтхушӣ;

             В) Қисмати техникӣ ва хизматрасонии хатҳои муҳандисӣ;

Г) Ободонии ҳудуд;

Д) Нишондоди техникӣ - иқтисодӣ.

 

3. Шакли озмун

          Озмун озод буда, дар як давр гузаронида мешавад.

 

4. Номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима барои пешниҳод

а) Мактуби ёддошт на зиёда аз 4 саҳифа (дар 2 нусха) бо зикри масоили асосии меъморӣ, сохтмонӣ ва техникии иншоот;

б) Таҳияи маводи графикӣ ва мактуби ёддоштӣ дар сатҳи озод;

в) Шиор дар болои кунҷи чапи мактуб бо калима навишта шавад (баландии навиштаҷот 10 мм);

г) Дар мактуби сарпӯшида маълумотҳои зарурӣ доир ба муаллифон:

- ном, насаб, номи падар ё номи корхона (ташкилот)

- суроға ва телефон;

д) Дар лоиҳаи аз ҷониби як гурӯҳ таҳия шуда, иловатан бо шиор дар варақи алоҳида имзои муаллифон бошад;

е) Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода намудан мумкин аст;

ё) Лоиҳаҳое, ки ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.

 

5. Муҳлати пешниҳоди лоиҳа

а) Ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун аз санаи 23 май то 23 июли соли 2016 ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 24, пешниҳод карда мешаванд;

б) Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд;

в) Ҳуҷҷатҳое, ки ба озмун баъди санаи зикргардида пешниҳод мешаванд мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд.

 

6. Мукофот барои ғолиби озмун

Ба ғолиби озмун беҳтарин лоиҳаи ангоравӣ мукофот дар ҳаҷми 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва мутаносибан бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо доллари ИМА барои ғолиби  хориҷӣ пардохт карда мешавад, иштирок карда метавонанд.

 

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56 ва e-mail: zokirk@yandex.com то 20 июли соли 2016 муроҷиат намоянд.

Муҳлати ҷамъбасти озмун 30 июли соли 2016 муайян карда шудааст.

Макони қабули ҳуҷҷатҳо: Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои          221-14-45,  900 47 75 75 (ҳамоҳангсоз)

Эзоҳ: Муҳлати ниҳоии қабули пешниҳодҳои озмун то санаи 23 июли соли 2016.