Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2016

24 майи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев   ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва худфаъолияти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ  баргузор гардид.

         Дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама бо инобати хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти  анҷомгирифтаи гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»  дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  то 23 майи соли ҷорӣ дар  ноҳияҳои шаҳр идома дошт,  бо қаноатмандӣ аз фаъолияти анҷомдодаи гурӯҳи кории таъсисдодаи шаҳрдорӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба масъулин дастур фармуд, ки  беш аз ҳарвақта потенсиали мавҷудаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳр ва ноҳияҳои он  дар ҳамоҳангии самараноку мақсаднок бо сохторҳои давлатию субъектҳои соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ, бахусус соҳибмулкону сокинони шаҳрро баҳри тавсеаю тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон равона созанд ва дар ин ҷода гуруҳҳои кории дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино вазифадор гардиданд, ки баҳри вусъати тадбирҳо таҷрибаи муваффақонаи ноҳияи Фирдавсиро мавриди корбарӣ қарор диҳанд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа муқаррар  гардид, ки дар сабқати 130 рӯзи ободонӣ масъалаи бо ибрати шахсӣ саҳмгирии   219  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва роҳбарони Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагиро пайваста мавриди таҳлил қарор дода, дар ҷаласаҳои минбаъда ҳисоботи ҳар кадоми онҳо, бо пешниҳоди наворҳои воқеии телевизионӣ шунида шавад.

Бо мақсади татбиқи амиқи муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба таъсис ва фаъолияти шаклҳои гуногуни сохторҳои марбутаи худидоракунӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки бетаъхир дар ҳамкорӣ бо прокуратураи шаҳр ва ноҳияҳои он фаъолияти сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ ва идоракунии биноҳои бисёрошёнаро мутобиқ созанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон масъулин корҳои ташвиқотиро тавассути ВАО ва назорати пайгиронаи давлатию ҷамъиятиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.

Дар  ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ дар маъракаи 130 рӯзи ободонӣ, татбиқи омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан аз ҷониби соҳибмулкон омода кардани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ, барномаҳои сабзкорӣ, беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳо ва вазъи экологию санитарӣ, пурзӯр намудани назорати санитарию эпидемиологӣ ва  байторӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва  пурзӯр намудани назорати риояи регламенти шаҳр оиди то соати 23 фаъолият кардани марказҳои маишиву