Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 October 2010

Раёсати чавонон, варзиш ва сайёхии шахри Душанбе озмуни бехтарин идеяи муаррифкунандаи Рамзи «Душанбе-хамчун шахри сулх»-ро дар асоси банди 13-и Карори раиси шахри Душанбе №392 аз 23 июли соли 2009 «Дар бораи тасдики накшаи чорабинихои Макомоти ичроияи махалли хокимияти давлати дар шахри Душанбе оид ба рушди туризм дар пойтахт барои солхои 2010-2014»  то 24 декабри соли 2010 эълон мекунад.

МАВЗӯЪИ ОЗМУН: дарёфти бехтарин пешниход, гояхои эчодкорону меъморон ва зиёиён барои Рамзи Душанбе - хамчун шахри сулх.

ЗАРУРАТИ ОЗМУН: Ташкилоти байналмиллалии ЮНЕСКО бо инобати сахми пойтахти кишварамон дар баркарориву таъмини ризоияти милли, хамзистии ичтимоии осоиштаи тамоми кишрхои чомеа ва гуногунрангии фархангии он 6 сентябри соли 2004 дар Конфронси байналмиллалии Барселонаи Испания Душанберо бо нахустин Чоизаи «Шахри сулх» шарафёб намуд, ки накш ва зиндагии рӯзмарраи сокинони шахр дар он назаррас мебошад.

МАКСАД ВА ШАРТХОИ ОЗМУН: дарёфти бехтарин идея, ки барои бунёди иншооти ифодакунандаи Рамзи «Душанбе хамчун шахри сулх» равона гардидааст.

Лоихаи ангории рамз бояд хусусиятхои таъмини ризояти милли, хамзистии ичтимоии осоиштаи тамоми кишрхои чомеа ва гуногунрангии фархангии онро аз нигохи эчоди тачассум намояд. Махсули тафаккури эчодии довталабон дар шакли ангории компютери ё тарики мусаввараи рангаи дасти ва ё дар шакли шархи муфассали гояви бо нишондоди мӯхтавои рамзхои истифодашуда унвонии комиссияи озмун пешниход мегарданд.

 

Хуччатхо ва пешниходот ба озмунро метавонед ба нишонаи зерин ирсол намоед:

- шахри Душанбе, хиёбони Рӯдаки 48<<а>>, Раёсати чавонон, варзиш ва сайёхии шахри Душанбе.

Телефонхо: 221-67-36, 2217283.

 

Хамчунин дар шакли  шархи  муфассали  гояви ба рӯзномахои «Паёми  Душанбе», «Вечерный Душанбе», ва «Чавонони Точикистон» ирсол доред.

Дархостхо бояд дар лифофаи баста то 25 декабри соли 2010, соати 1000 ба Раёсати чавонон, варзиш ва сайёхии шахри Душанбе (Фармоишгар) супорида шаванд.


Ба голиби озмун мукофоти молияви дар хачми 10000 (дах хазор) сомони пешбини гардидааст.