Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2016

Қарори  РАиси шаҲри Душанбе № 145-1 аз 05.05. соли 2016

 

Оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои

душанбегии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати

миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2016

 

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва иҷрои вазифаҳои Шӯрои душанбегии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Шӯрои душанбегии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2016 тасдиқ карда шавад.

        2. Муовинони раиси Шӯрои душанбегии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раисони шӯроҳои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбароини сохторҳои марбутаи Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

          3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

          4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷ.Лангариева гузошта шавад.

                                                                                        М.УБАЙДУЛЛОЕВ