Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 June 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе  аз 16 июн то  16 июли  соли 2016 озмун  бо ҷамъбасти он на дертар аз 21 июли  соли 2016  эълон менамояд.

Довталабон барои ишғоли мансаби холии мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси

андозаи  3X4 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт хатм намуда,  таҷрибаи кории роҳбарикунанда на кам    аз 7  сол аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 21 июли  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефони 221-35-68  муроҷиат  намоянд.

Қарори раиси шаҲри Душанбе №173 аз 12.06.2016

Дар бораи  эълон намудани озмун  барои   ишғоли

мансаби   холии    маъмурии     хизмати    давлатии

мудири  шуъбаи   нақлиёт,    нигоҳдории    роҳ    ва

коммуникатсияи дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз 16 июн то  16 июли  соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 21 июли соли 2016 эълон карда шавад.

2. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ