Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №167-8 аз 25.05.2016

 

           Дар бораи Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба

          тарбия ва маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе

 

 Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2020», ки бо Қарори Раиси шаҳри  Душанбе № 286 аз 26 майи соли 2015 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»

                      

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.     Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ таъсис дода шавад.

2.                        Низомнома ва ҳайати Комиссияи байниидоравии минтақавӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3.                        Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе якҷоя бо раёсату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликияташон, иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанберо дар давраи то соли 2020 таъмин намояд.

4. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолияти Комиссияи байниидоравии шаҳриро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд.

     5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

     6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А. Р. гузошта шавад.

                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ