Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 July 2016

   Қарори раиси шаҲри Душанбе№ 182 аз 30 июни соли 2016

        

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи

           шашуми  Маҷлиси  вакилони  халқи

           шаҳри Душанбе даъвати  панҷум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1. Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 21 июли соли 2016,  соати  800 дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  даъват карда шавад.

    2.   Ба рӯзномаи иҷлосияи    шашуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи иҷроиши барномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба  рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ба хусус  дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва дастгирии сохибкорӣ.

2.2. Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

        2.3.  Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33.

2.4. Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Душанбе №56-5 аз 14 апрели соли 2016 «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14».

 

         3. Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

          4. Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

5. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон тибқи ҷадвали замимагардида то 16 июли соли 2016 вохӯриҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи  шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ирсол намоянд.

6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  бо  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба гурӯҳи корӣ манзур  созад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

                      Замима

                                                             ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                                 № 182 аз 30 июни соли  2016

 

Гурӯҳи корӣ

оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шашуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати панҷум

                  

                  

1.       

Мирсаидов А.Б.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ

2.       

Амиров Н.И.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ

3.       

Алиева З.Ҷ.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак

4.       

Буриев И.Б.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия

5.       

Мирзоев Т.Х.

 

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид  ба  буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ

6.       

Валиев Ш.Ф.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо

7.       

Давлатов А.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ,  сохтмон ва ободонӣ

8.       

Шарифов З.Р.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия

9.       

Саидраҳмонов С.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба саноат ва энергетика

 

10.  

Пиров Ф.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ

 

11.  

Сафаров С.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ

12.  

Насруллоев К.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ

13.  

Улмасов Ф.У.      

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи  интихоботии №62,  роҳбари  дастгоҳи  Раиси шаҳри  Душанбе

 

 

ҶАДВАЛИ

баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

даъвати панҷум бо интихобкунадагон дар ҳавзаҳои  интихоботӣ