Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 July 2016

Масъалаи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дар ин равобит таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чун ҳамеша яке аз самтҳои мубрами фаъолияти шаҳрдорӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин ҷост, дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки субҳи 4 июли соли 2016 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва худфаъолияти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ  ва соҳибкорон баргузор гашт, ин масъала маротибаи дигар дар моҳи шарифи Рамазон мавриди таваҷҷуҳи хосаи Маҳмадсаид Убайдуллове қарор гирифт.

Дар ҷаласа бо инобати ташаббуси соҳибкорон қарор гардид, ки рӯзҳои 4-5 июли соли 2016 баҳри пурфайзу эҳсон намудани дастурхони идонаи сокинон фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалия  бо риояи нархҳои тавсиявии:  1 кг картошка -1 сомонию 20 дирам, карам – 80 дирам, бехпиёз - 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор – 2 сомонию 50 дирам, бодиринг – 3 сомонӣ, себ-5 сомонию 40 дирам, биринҷ – 8 сомонию 50 дирам, нахӯд – 13 сомонӣ, лӯбиё- 8 сомонӣ, мош- 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда – 10 сомонӣ, гӯшти гов – 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 31 сомонӣ, шакар – 6 сомонӣ, чойи сиёҳ 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир- 3 сомонӣ, 10 дона тухм – 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум – 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам дар тамоми бозорҳои коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта  таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, муқаррар гардид, соҳибкороне, ки дар риояи  ин иқдомоти дастаҷамъона дар рӯзҳои зикршуда бо хунукназарӣ муносибат менамоянд фаъолияташон дар бозорҳои ба мушоҳидарасида қатъ карда мешавад.

Дар ин зимн аз кулли сокинони шаҳр даъват карда шуд, ки нисбати маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ аз нархҳои тавсияшуда зиёд харидорӣ накунанд.