Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 July 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе №191 аз 05.07.2016


        Дар   бораи  эълон   намудани  озмун   барои  ишғоли    мансабҳои    холии  маъмурии   хизмати    давлатӣ  дар   дастгоҳи Раиси  шаҳри  Душанбе  ва  Мақомоти  иҷроияи   маҳаллии   ҳокимияти   давлатӣ  

дар шаҳри  Душанбе

 

        Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 2 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №647  аз  10 марти  соли 2016  тасдиқ  шудааст,

          

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар

                          а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе;

·        мудири шуъбаи умумӣ ва протокол;

·        мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;

·        мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мудири шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;

·        мудири шуъбаи кадрҳо;

·        мудири шуъбаи назорат;

·        мудири шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;

·         мудири шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

·        мудири шуъбаи саноат ва энергетика;

·        сармутахассиси  шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси шуъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;

·        сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

·        сармутахассиси бахши корҳои махсус;

·        сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ;

·        мутахассиси пешбари  шуъбаи ташкилӣ;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ.

                        

 б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 дар шаҳри Душанбе:

·        муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оила;

·        мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак;

·        сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак;

·        сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила;

·        мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила;

·        сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва  

    ҷашну маросимҳои миллӣ;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

        аз  11  июл  то  13   августи  соли 2016  озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз  22  августи  соли 2016 ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ 

 


          Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3X4 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

- маълумотнома (резюме) шакли электронӣ;

          Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили  рӯзона ва собиқаи корӣ на кам аз  5    сол  дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  13 августи  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.